Машварати августии омўзгорони вилояти Суғд

21-08-2023
21 августи соли 2023 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ машварати августии омўзгорони вилоят баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, омӯзгорону собиқадорон ва кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки рушду нумўи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин рў, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешрафти мактабу маориф, инкишофи илму маърифатро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ муайян намудаанд.
Воқеан ҳам, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Дар ин радиф, таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ ба соҳаи маориф хоса буда, соли равон маблағгузории соҳаи мазкур аз 1 миллиарду 175,5 миллион сомонии соли 2022 ба 1 миллиарду 338,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 13,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар вилоят 609 иншооти соҳаи маориф барои беш аз 101 ҳазор ҷойи нишаст бо маблағи зиёда аз 492 миллион сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар ифтитоҳи аксари онҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд. Соли 2022 ва дар ҳафт моҳи соли 2023 дар вилоят бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо 50 иншооти соҳаи маориф барои 14 ҳазору 228 ҷои нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар соли 2023 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон ва барқарорсозии 13 иншоот ва аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 34 иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шудаанд. Алҳол дар 55 иншооти соҳаи маориф барои 12 ҳазору 84 ҷои нишаст корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Соли таҳсили 2022-2023 дар вилоят 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 571 ҳазору 729 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки нисбати соли таҳсили 2021-2022 ду муассисаи таълимӣ зиёд гардид. Дар муассисаҳои таълимии вилоят 37 ҳазору 926 нафар омўзгорон фаъолият мебаранд.
Дар соли хониши 2022-2023 дар вилоят 10 муассисаи таҳсилоти олӣ ва 21 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии зиёда аз 66 ҳазору 169 нафар донишҷўён фаъолият мебаранд. Дар ин муассисаҳо 3 ҳазору 849 нафар устодон, аз онҳо 120 нафар профессору доктори илм ва 845 нафар номзади илм аз рўи 120 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд. Нақши донишҷўён ҷиҳати иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ назаррас буда, соли ҷорӣ 16 нафар донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ, 67 нафар ғолиби озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва 104 нафар ғолиби озмунҳои вилоятӣ гардида, шарафи илми вилоят ва кишварро ҳимоя намуданд.
Ғамхориҳои давлату ҳукумат нисбати мактабу маориф боис гардид, ки соли 2022 дар ду озмуни бонуфузи касбии ҷумҳурияӣ Бобоҷонов Ҷўрабой омўзгори фанни физикаи литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд дар озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон - 2022” ва Набизода Муҳаррам-мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон дар озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2022” ғолиб дониста шуданд.
Хонандагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ сарбаландона иштирок намуда, сазовори 769 ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 20 ҷойи якум, 132 ҷойи дуюм ва 617 ҷойи сеюм гардиданд, ки дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми дуюм мебошад.
Ҳамзамон, то имрўз 4 ҳазору 769 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва фосилавии кишварҳои Туркия, Қазоқистон, Ўзбекистон, Олмон, Англия, Фаронса, Италия, Хитой, ва Федератсияи Россия иштирок намуда, 552 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагон ва омўзгорони онҳо аз буҷети вилоят 345 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фўруғи субҳи доноӣ китоб аст” бошад 836 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 79 нафар донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 231 нафар омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун ва ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фўрўғи маърифат” 955 нафар хонандагон, 30 нафар омўзгорон ва 153 нафар донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ роҳхат гирифтаанд.
Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, 117 нафар хонандагон, 33 нафар донишҷў, 89 нафар омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва 51 нафар калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд.
Раиси  вилоят инчунин бо таҳлили вазъи соҳаи маориф ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаи маориф ҷиҳати таъмири муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳои таълимии навбунёд бо лавозимот ва мизу курсӣ, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” , омодагӣ ба зимистон, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас супоришҳо дод.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро низ сухан гуфта, барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва афзун намудани дастовардҳо ба масъулини раёсату шуъбаҳои маориф дастур дод.
Сипас, чанде аз омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба музокира баромада, барои фароҳамсозии шароити мусоиди таълиму тарбия ба Сарвари давлат миннатдории аҳли маорифро расониданд.
Дар вазъияти тантанавӣ ба 30 нафар кормандони соҳаи маориф Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ба 10 нафар нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм, инчунин ба ғолибони озмуни вилоятии «Беҳтарин муассисаҳои томактабии вилоят» мукофотпулиҳо супорида шуд.