Машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон - ДИДАН КАРДАНИ МЕҲМОНОН АЗ НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲО

23-08-2023
Дар Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро ва дигар меҳмонон нахуст аз намоиши дастовардҳои кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорон, инчунин маводҳои методӣ, намоиши маҳсул ҳамкориҳои шарикони рушд бо соҳаи маорифи вилояти Хатлон дидан ба амал оварданд.
Гуфта шуд, ки дастоварду муваффақиятҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар ҳама самтҳо назаррас буда, нисбат ба солҳои қаблӣ дучанд мебошад. Аз ҷумла, ғолибият дар озмуну олимпиадаҳои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ба монандӣ "Мураббии соли Тоҷикистон", "Омӯзгори соли Тоҷикистон", олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ боиси таҳсин мебошад.
Инчунин, чанде аз омӯзгорон бо ғолибият дар сатҳи ҷумҳурӣ ба Ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф ноил гардидаанд.
(Чорабинӣ идома дорад)
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон