Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба донишгоҳҳои Қазоқистон, Беларус, Туркия, Чин ва Эрон оғоз намуд

29-01-2024
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз рӯйи зинаи бакалавриат, магистратура, аспирантура ва докторантура ҳуҷҷатҳои довталабонро ҷиҳати қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Беларус, Туркия, Ҷумҳурии Мардуми Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз намуд.
Барои довталабоне, ки дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Беларус таҳсил намудан мехоҳанд, интихоби ихтисосу донишгоҳ озод буда, танҳо таҳсили ройгон пешниҳод гардида, дигар хароҷот аз ҳисоби довталабон амалӣ мегардад.
Барои довталабоне, ки дар Ҷумҳурии Мардуми Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Туркия таҳсил намудан мехоҳанд, тамоми хароҷот – таҳсилу буду боши довталаб аз ҳисоби бурсияҳои пешбинишуда ба таври ройгон амалӣ мегардад.
Ҳамчунин Донишгоҳи Аз-Заҳрои Ҷумҳурии Исломии Эрон низ барои духтарони узви тимҳои миллии варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2024-2025 бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо намудааст. Қабули ҳуҷҷатҳо ба Донишгоҳи Аз-Заҳрои Ҷумҳурии Исломии Эрон то 20 феврали 2024 идома меёбад.
Қабули ҳуҷҷатҳо ба Ҷумҳурии Туркия то 10 феврали соли 2024 идома меёбад.
Қабули ҳуҷҷатҳо ба Ҷумҳурии Мардумии Чин то 20 апрели соли 2024 идома меёбад.
Қабули ҳуҷҷатҳо ба Ҷумҳурии Қазоқистону Беларус ва Ҷумҳурии Исломии Эрон то 1 майи соли 2024 идома меёбад.
Барои гирифтани маълумоти бештар ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47) муроҷиат намоед.
Телефон барои тамос: +992 372 232359