МАОРИФ ВА ВАРЗИШ

15-12-2023
15 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ҷаласа ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Протоколи маҷлиси назди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Нахуст Лутфия Абдулхолиқзода аз дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф ёдовар шуда, дар ин росто рушди варзишро дар миёни аҳли маорифи кишвар натиҷаи ҳамкориҳо бо сохторҳои гуногун донист.
Дар идома, гузоришҳои намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорону кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат оид ба рушди варзиш ва таъсиси мусобиқаҳои футбол барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар шунида шуд.
Дар ҷаласа масъалаҳои пешбурди тарзи ҳаёти солим ва тақвияти робитаҳо байни ҷавонон, таъсиси “Лигаи футболи донишҷӯён”, оммавигардонии футбол, таъсис додани дастаи футболи донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва дигар мусобиқаҳо  байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

  Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон