МАЪЛУМОТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023

31-01-2024
Нишасти матбуотии навбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки мову Шумо таҳти таассуроти амиқ аз Паёми навбатӣ ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорем. 
Ин навбат низ дар Паёми Президенти мамлакат масъалаи илму маориф мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифта, Пешвои муаззами миллат ба таъмини пешрафти маориф ва илм ҳамчун соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа ва давлат диққати асосӣ зоҳир намуданд. Роҳбари давлат бори дигар маорифро сарчашмаи бунёди миллати мутамаддин унвон намуда, аз зарурат ва аҳамияти рушди ин соҳаи калидии давлат таъкид доштанд. 
Хурсандиовар аст, ки бори аввал ду соли охир пайи ҳам музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм ва стипендияҳо ба андозаи 20%-ӣ зиёд гардид ва аз 1-уми июли соли 2024 боз ба андозаи 40% зиёд карда мешавад. Ин бори дигар аз таваҷҷуҳу ғамхории Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Ин дастгирии Пешвои миллат мо, маорифчиён ва аҳли илмро водор месозад, ки бо масъулияти баланд пайваста дар баланд бардоштани маърифати хонандагону донишҷӯён, беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва мустаҳкам намудани шароити моддиву техникии муассисаҳои таълимии кишвар бештару пештар корбарӣ намоем.  
Дар маҷмуъ, мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Чуноне Сарвари давлат таъкид намуданд, пешрафт ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.
*****
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола маблағгузории соҳаи маориф афзоиш дода мешавад. Аз ҷумла, дар Буҷети давлатии соли 2024 ба соҳаи маориф 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2023 1миллиарду 21 миллион сомонӣ, ё ин ки 12,5% зиёд буда, 18,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 5,7% Маҷмуи Маҳсулоти Дохиларо ташкил медиҳад (буҷети соҳаи маориф дар соли 2023 7 миллиарду 210 миллион сомонӣ буд).
Дар баробари ин, дар соли 2023 барои додани қарзҳои имтиёзнок бо мақсади баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон 1 миллиону 890 ҳазор сомонӣ ва 5,2 га қитъаи замин ҷудо гардид.
 
*****
Дар соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 212 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ бо 45 564 ҷойи нишаст дар як баст мавриди истифода қарор дода шуд (соли 2022 ин нишондиҳандаҳо 199 бино ва синфхонаҳои иловагӣ барои 44 910 ҷойи нишастро ташкил медод).
Дар доираи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 36 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 11 124 ҷойи нишаст сохтмону азнавсозӣ гардид. Инчунин, дар доираи барномаи мазкур сохтмону азнавсозии 84 иншооти дигар барои 21884 ҷойи нишаст идома дорад.
 
*****
Таҳсилоти томактабӣ зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм дар соли 2023 ба дастовардҳои муайяне ноил гардид.
Бо мақсади иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 Барномаи алтернативии такмили ихтисоси мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдак, Дастурамали вазифавии ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаи муайян намудани мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ ва Тартиби дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ барои кӯдакони дорои имконияти ҷисмонӣ ва равонии маҳдуд таҳия карда шуд.
Айни ҳол дар самти томактабӣ 2 барномаи давлатӣ амалӣ гардида, дар беҳтар намудани шароити таълиму тарбия мусоидат менамояд. Дар доираи амалишавии барномаҳо заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ сифатан беҳтар шуд.
Дар соли 2023 теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 717 адад расида, дар онҳо 104921 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 10 муассиса ва 2396 нафар кӯдак зиёд мебошад.
Дар робита ба амалӣ намудани Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2020-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2381 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 96546 кӯдак таъсис дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 270 марказ ва 27655 кӯдак зиёд мебошад. Имсол шумораи гурӯҳҳои инкишофи кӯдак ба 4527 гурӯҳ расонида шуд. 
 
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 140 муассисаи томактабии хусусӣ ва 22 маркази инкишофи хусусӣ фаъолият менамояд. Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 201467 нафар ё 20,2%-ро ташкил медиҳад.
Бо мақсади такмили маҳорати касбии мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорони марказҳои инкишофи кӯдак аз ҷониби Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои он дар доираи иҷрои Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025  1757 нафар ба курси такмили ихтисос ҷалб карда шуд.
*****
Дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ва гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ «Дастурамали меъёрҳои 10-холаи баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд.
 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 тадбирҳои амалӣ меандешад.
 
Соли 2023 дар шаҳри Душанбе 107 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 27 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳ, вилояти Суғд 457 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳ, вилояти Хатлон 873 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳ  ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 153 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳ харидорӣ гардид.
*****
Натиҷаи таҳлилҳо муайян намуд, ки дар маҷмуъ сифати таҳсилот ба 37,6% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ бошад ба 85,4% баробар аст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли таҳсили 2022-2023 сифати таҳсилот 2,2% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 1,5 % баланд гардидааст.
Ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот ва барномаҳои байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044” аз ҷониби вазорат таҳия гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд. Консепсияи мазкур барои идоракунии тадбирҳои вобаста ба масъалаҳои баҳогузорӣ ва арзёбӣ дар соҳаи маориф пешбинӣ шудааст.
Дастоварди дигари соҳа дар самти ислоҳот ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот (PISA) мебошад, ки падидаи навини даврони Истиқлол маҳсуб меёбад. Арзёбии байналмилалии сифати таҳсилот имкон медиҳад, ки барои такмили низоми таълимӣ ва таҳсилотии кишвар заминаи боэътимод фароҳам оварда шавад.
*****
Ҷамъбаст ва натиҷагирии даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли 2023 нишон дод, ки дар ин мусобиқаҳои илмӣ 8244 нафар хонанда иштироки фаъолона намуданд, ки ин нисбат ба соли 2022-ум 1714 нафар (ё 20,8%) зиёд мебошад.
Аз шумораи 8374 нафар хонанда 2964 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (155 медали тилло, 583 медали нуқра ва 2226 медали биринҷӣ) гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 230 ҷойи ифтихорӣ (7,8 фоиз) зиёд буда, рушди он дар умум, аз ҷиҳати сифатнокӣ 35,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҳаракати олимпӣ миёни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияҳои Сино бо дарёфти 699 ҷойи ифтихорӣ, Исмоили Сомонӣ бо дарёфти 193 ҷойи ифтихорӣ ва Бобоҷон Ғафуров бо дарёфти 164 ҷойи ифтихорӣ дар сафи пеш мебошанд. 
Дар соли 2023 бо кумитаҳои тадорукоти 34 озмуну олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин олимпиадаҳо 13 090 нафар иштирок намуда, дар умум, сазовори 1184 ҷойи ифтихорӣ (173 медали тилло, 363 медалли нуқра ва 648 медали биринҷӣ) гардиданд.
 
Таҳлили натиҷаҳои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки сатҳи сифатнокии олимпиадаҳо баланд гардида, танҳо дар панҷ соли охир шумораи ғолибон 4,8 маротиба афзуда, аз 246 нафар ба 1184 нафар расидааст.
 
*****
Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ, омӯзиши касбу ҳунар, ба ҳаёти мустақил омода намудани насли наврас ва самаранок ба роҳ мондани таҳсилоти иловагӣ мебошад.
Дар соли таҳсили 2023-2024 дар 84 муассисаи таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 1735 маҳфил бо фарогирии 64719 таълимгиранда фаъолият менамоянд, ки дар муқоиса ба соли таҳсили 2022-2023 2800 нафар зиёд мебошад.
Соли 2023 аз 3991 адад муассисаи таҳсилоти умумии амалкунанда дар назди 2798 муассиса 37085 маҳфил ташкил гардид, ки дар онҳо 382897 нафар хонанда ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда шуданд. Фарогирии хонандагон ба ин маҳфилҳо аз 2,8% -и соли гузашта ба 17% дар соли 2023 расонида шуд.
 
Дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ 38 озмоишгоҳи инноватсионӣ ташкил гардид, ки 6 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 14 адад дар вилояти Суғд, 9 адад дар вилояти Хатлон, 3 адад дар шаҳри Душанбе ва 6 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъмир, таҷҳизонида ва ба истифода дода шудаанд.
Дар мавсими тобистони соли 2023 дар ҷумҳурӣ 3318 истироҳатгоҳ, аз ҷумла, 28 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 1147 истироҳатгоҳи наздимактабӣ бо фарогирии 256747 нафар кӯдакону наврасон фаъолият намуданд. Аз шумораи умумии ба истироҳатгоҳҳо фарогирифташуда 787 нафар кӯдакони ятим, 1300 нафар кӯдакони бепарастор, 5194 кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва 325 нафар кӯдакони маъюб мебошанд.
*****
Боиси ифтихору сарфарозист, ки дар кишвари азизи мо таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сипаришуда 4 озмуни ҷумҳуриявӣ – “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм –фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азиз ман” ва “”Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” баргузор гардид.
Натиҷаи ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе соҳиби 49 ҷой, вилояти Суғд 27 ҷой, вилояти Хатлон 24 ҷой, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15 ҷой ва ВМКБ соҳиби 6 ҷой гардиданд.
Дар озмуни “Илм–фурӯғи маърифат” зиёда аз 163 ҳазор нафар ширкат варзиданд, ки нисбат ба соли 2022 39 ҳазор нафар зиёд аст.
Дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “”Тоҷикон” - оинаи таърихи миллат” 115 нафар иштирок намуда, дар натиҷа 4 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 4 нафар соҳиби ҷойи якум, 8 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 12 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дар даври аввали озмун зиёда аз 140 ҳазор нафар ширкат варзид.
Дар баробари озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ду озмуни муҳим – “Мураббии соли Тоҷикистон” ва “Муаллими соли Тоҷикистон” доир карда шуд, ки дар сатҳи хуби ташкилӣ баргузор гардида, ғолибон бори аввал дар чорабинии идона ва дар фазои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон қадрдонӣ гардиданд.
*****
Алҳол дар 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯйи 15 равия мутахассисон омода карда мешавад. Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 20503 нафар мебошад. Теъдоди умумии омӯзгорон ва устоҳои таълимии истеҳсолӣ 2230 нафар (971 нафар зан) мебошад.
Инчунин, дар ҷумҳурӣ 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (аз ин теъдод 59 муассисаи давлатӣ) фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли 2022 4 муассиса зиёд мебошад.
Соли 2023 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи омӯзгории «Асосгузор» дар шаҳри Турсунзода» ва Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Муъминобод» мавриди истифода қарор дода шуд.
Бо мақсади ворид гардидан ба фазои байналмилалии таълим «Таснифи фанҳои таълимӣ аз рӯйи бахшҳо ва модулҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар соли 2023-юм 328 нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 174 нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои кӯтоҳмуддати касбҳои коргарӣ ва забономӯзӣ таҳия ва тасдиқ шуд.
Дар соли таҳсили 2023-2024 ба 80 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 24925 нафар дохил шуданд.
*****
Соли 2023 дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи замони муосир ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо 17 санади меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар соли таҳсили 2023-2024 ба 40 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ 41 847 нафар довталаб қабул гардид, ки 60,79 фоизи нақшаи қабулро ташкил медиҳад. 
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар якҷоягӣ бо се муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар доираи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Муҳовараи мухтасари забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия гардид. 
*****
Соли сипаришуда дар самти фаъолияти илмӣ Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» миёни донишҷӯён, магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), (унвонҷӯён)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид.
Дар ин давра «Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» таҷдиди назар гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Дар озмуни «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ 23 муассиса иштирок намуда, 290 адад кори илмӣ пешниҳод гардид, ки нисбат ба соли 2022 149 адад кори илмӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ озмуни Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардида, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 нафар ғолибони озмун санаи 30 августи соли 2023 бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Барои амалигардонии «Барномаи давлатии мақсадноки рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» ба 15 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пайвастагиҳои фаъоли биологӣ ва маводи гуногуннавъ, лавозимоти техникӣ, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои илмию таҳқиқотии илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ва ғайра, ки барои анҷом додани таҳқиқот заруранд, дастрас карда шуданд.
Соли 2023 ба зинаи магистратураи муассисаҳои таълимию илмии кишварӣ 1973 нафар ва ба зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) 406 нафар қабул шуданд.
Айни замон, тибқи ҳисоботи оморӣ дар ҷумҳурӣ 5340 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 865 нафар доктори илм, 4370 нафар номзади илм ва 105 нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. 
 
Теъдоди олимони ҷавони то 35-солаи дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар кишвар  740 нафарро ташкил медиҳад. Синну соли миёнаи докторони илм 65-сола, номзадони илм 51-сола ва доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос 32-сола мебошад.
Дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, ки аз рӯйи 180 ихтисоси анъанавӣ ва 180 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро ба ҳимоя қабул менамоянд. 
*****
Таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад.
Соли таҳсили 2023-2024 муассисаҳои таълимӣ ба 4353 нафар кадрҳои омӯзгорӣ эҳтиёҷ доштанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2022-2023 947 нафар зиёд буд.
Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ соли 2023 дар 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд.
Дар асоси тақсимоти мазкур 3432 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла, 2685 нафар таҳсилоти олии касбӣ ва 747 нафар таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сафарбар гардиданд, ки аз шумораи мазкур 669 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин теъдод 2386 нафар ба ҷойи кор ҳозир гардид.
 
Тибқи фармоиши вазири маориф ва илм 2170 нафар донишҷӯи курсҳои 4 ва 5-и ихтисоҳои омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар гардидаанд. Дар баробари ин, 1537 нафар омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 300 нафарро ташкил медиҳад.
*****
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти вазорат дар самти тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ ин иҷрои протоколҳои ҷаласаҳои комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ вазорат ба таври ҳузурӣ дар ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ бо ҷумҳуриҳои Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Федератсияи Россия, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Ӯзбекистон, ноҳияи худмухтори Синзяни Чин, Қатар ва Туркманистон иштирок намуд.
Ҳамчунин, барои амалӣ намудани фаъолияти бахши маорифи комиссияҳои байниҳукуматӣ ва иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 70 вохӯрии роҳбарият ва намояндагони Вазорати маориф ва илм бо сафирони сафоратҳои муқими Тоҷикистон ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии дар ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолиятдошта баргузор гардид.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими гузоштани санги асоси бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи “Махтумқулӣ” ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ доир гардид, ки дар он вазирони маорифи ду кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Яке аз корҳои муҳим, ки дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ба анҷом расонида шудааст, ин муаррифии соҳаи маориф ва илми кишвар дар чорабиниҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ин росто, роҳбарияти вазорат дар Форуми 8-уми солона оид ба илм, технология ва фанноварӣ, ки рӯзҳои 3-4 майи соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню–Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуда, дастовардҳои соҳаи маориф ва илми кишварро дар форуми мазкур бо ҳозирин ироа намуданд.
Ҳамчунин, рӯзҳои 4-6 декабри соли 2023 роҳбарияти вазорат дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE), ки дар ҷазираи Занзибари Ҷумҳурии Муттаҳидаи Танзания баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар давраи ҳисоботӣ 12 санади нав ба имзо расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 5 санад зиёд аст.
Баргузор кардани Форуми якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Россия, Форуми якуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Ӯзбекистон, Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Беларус аз муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.
Дар ин давра дар доираи санадҳои ҳамкорӣ бо 14 кишвар, аз ҷумла, Россия, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Венгрия, Қазоқистон, Беларус, Корея, Ҷопон, Подшоҳии Марокаш, Миср, Қатар, Кувайт, Австрия ва Сербия барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024 бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо гардид. Айни замон зиёда аз 41 000 шаҳрванди кишвар дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ таҳсил карда истодаанд.
Падидаи тозаи рушди ҳамкориҳои ҳасана бо Федератсияи Россия дар шаҳри Москва дар доираи Комиссияи байнидавлатӣ ба имзо расидани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба шартҳои сохмон, таъсис ва фаъолияти маркази таълимии байналмилалӣ барои кӯдакони болаёқат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
*****
Соли 2023 шуъбаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 197 маводи чопӣ таҳия ва ба табъ расонида, ба 223 китобҳои дарсӣ хулосаву тақриз навиштанд. Инчунин, Аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 1 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ, 8 конференсияи илмӣ-амалӣ, 5 мизи мудаввар, 17 семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар ин давра мутахассисони Пажуҳишгоҳи рушди маориф 1 монография, 18 дастури методӣ, 170 мақолаи илмӣ, 35 мақолаи оммавӣ нашр карданд.
Инчунин, вобаста ба масъалаҳои муҳимми соҳа ва аз натиҷаи таҳқиқотҳои педагогӣ 9 конференсияи илмӣ-амалӣ, 17 семинари илмӣ- методӣ ва 5 мизи мудаввар баргузор намуда, дар 28 конференсияи илмии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироку маъруза карданд.
*****
Такмили ихтисоси омӯзгорон дар шароити кунунии пешрафти илму техника ва талаботи нави иқтисодиву иҷтимоӣ омили муҳим дар баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон маҳсуб меёбад. 
Соли 2023 барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос таҷдиди назар гардида, илова ба курсҳои ананавӣ бори нахуст барномаҳои таълимии курсҳои фосилавӣ низ коркард карда шуданд. 
Дар маҷмуъ, дар соли 2023-юм 1264 курсҳои нақшавию ғайринақшавӣ, омӯзишӣ ва  курсу семинарҳои махсус гузаронида шуд, ки дар онҳо 40 224 нафар такмили тахассус намуданд (дар соли 2022 теъдоди курсҳо 1191 ва фарогирӣ 28476 нафарро ташкил медод). 
*****
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ дар самти таҳсилоти томактабӣ дастурҳои методии “Математика”, “Донишандӯзӣ”, “Дониши томактабиёнро месанҷем”-ро бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Лоиҳаи Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабии ғайридавлатӣ (хусусӣ) таҳия гардида, дар самти таҳсилоти умумӣ 3 ҳуҷҷати муҳим: “Дастурамали аз синф ба синф гузаронидан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тартиб ва шакли аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Нақшаи таълимиии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 ва солҳои минбаъда” таҳия гардид.
Дар самти таҳсилоти умумӣ 67 санади меъёрии ҳуқуқӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, маводи таълимию методӣ ва дигар дастуру маводи ёрирасони воридгардида таҳлилу ташхис карда шуда, 9 дастури методӣ ва санади меъёрӣ таҳия гардид.
Дар самти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 266 нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз нав коркард карда шуд. Ҳамчунин, барои ин зинаҳои таҳсилот 11 номгӯй стандартҳои таълимии тахассусӣ таҳия карда шуд.
Дар самти таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ аз рӯйи 760 ихтисос барнома ва нақшаҳои таълимии зинаи таҳсилоти бакалавр, магистратура, доктор PhD ва курсҳои кӯтоҳмуддат аз ташхис гузаронида шуд.
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» 18 семинар–машварати омӯзишӣ баргузор карда шуд.
*****
Дар соли 2023 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 330 дастхати адабиёти таълимӣ ва методӣ ворид шуда, 216 номгӯйи дастхатҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаҳои марбута ва коршиносон мавриди экспертиза қарор дода шуд.
Дар ҷаласаҳои Шурои миллии таҳсилот 340 дастхат ва дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм 207 дастхати адабиёти таълимӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Соли 2023 дар асоси дархости раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нашри 95 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо теъдоди умумии 5 миллиону 342 ҳазор нусха ба нақша гирифта шуда, то имрӯз бо дарназардошти китобҳои дарсии дар захираи анбори вазорат мавҷудбуда 6 миллиону 313 ҳазору 619 нусха адабиёти таълимӣ ба раёсат ва шуъбаҳои маориф дастрас шуд.
Дар нимсолаи дуюми соли 2023 бо мақсади амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 июни соли 2023, таҳти №586) «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ аз ҷониби раёсат ва шуъбаҳои маориф бо усули ғайринақдӣ роҳандозӣ карда шуд.
*****
Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» 3000 адад дарсҳои видеоӣ аз таҷрибаи пешқадами омӯзгорони соҳибтаҷриба аз фанҳои физика ва алгебра, астрономия, геометрия, биология, химия ҳамчун маводҳои иловагӣ омода гардида, дар сомонаи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ва сомонаи китобхонаи электронии www.marifat.tj ҷой карда шуд.
Ҳамзамон, шакли электронии дарсҳо ва сенарияҳои видеоӣ, китобҳои электронӣ аз синфи 1 то 11, китобҳои бадеӣ, аудиокитобҳо, видеоҳои аниматсионӣ барои кӯдакон, дастурҳои видеоӣ барои китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, наворҳои методӣ оид ба салоҳияти хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ (барои омӯзгорон) ва видеодарсҳои интерактивӣ омода гардида, дастраси муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо гардонида шуд.
Ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури техникии кормандони раёсат ва шуъбаҳои маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ семинар-машварат дар мавзуи «Тақвияти истифодаи технологияи иттилоотӣ дар раванди таълим» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки мушовирони шуъбаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки зиёда аз 40 000 нафар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Платформаҳои рақами «Сандуқчаи зулбиё», «Китобхонаи электронӣ» ва «Фотеҳҷон» таҳия гардида, семинарҳои омӯзишӣ оид ба харитасозӣ ва баҳодиҳии пайвастшавӣ ба интернет, платформаи рақамии «Китобхонаи электронӣ», компютери яккаабзор, сервери файлҳо, захираҳо, абзорҳои шабакаи Linux дар мавзуи «Омӯзиши омехта бо назардошти рақамикунонии таҳсилот» гузаронида шуд.
*****
Дар соли 2023 тамоми чорабиниҳои дастгоҳи марказии вазорат тавассути расонаҳои давлативу хориҷӣ инъикос шуда, ҳамзамон, бо иштироки кормандон 71 гузоришу барномаи радиоӣ таҳия гардида, 179 гузоришу барномаи телевизионӣ вобаста ба масъалаҳои соҳаи маориф ва илм таҳия ва пешниҳоди аҳолӣ гардонида шудааст.
Инчунин, дар ин давра ба 28 мавод вокуниш омода ва ба идораи нашрияҳо ирсол гардида, нусхаи вокунишҳо дар сомонаи расмии вазорат низ ҷой дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи вазорат бо забони тоҷикӣ 419 мавод, бо забони русӣ 90 мавод ва бо забони англисӣ 85 мавод вобаста ба паҳлуҳои гуногуни соҳаи маориф нашр гардидааст.
Дар соли ҷорӣ нашрияҳои соҳавии вазорат - нашрияи «Омӯзгор», нашрия барои кӯдакон ва наврасон – «Пайрав», маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва «Русский язык и литература в школах Таджикистана» низ фаъолияти хуб намуда, дар доираи дастуру супоришҳои ба зиммадошта як қатор корҳоро ба сомон расониданд.
*****
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои соҳавии худро саривақт ва бо сифати баланд ба иҷро расонад.