МАКТАБ - ИНТЕРНАТИ БА НОМИ ЭРГАШ ЯМОҚОВИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДА АСТ

09-12-2023
Имрӯз, 9 декабри соли ҷорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омода кардани муассисаҳои таълимӣ ба зимистонгузаронӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз мактаб - интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус дидан кард.
Зимни боздид аз мактаб - интернати мазкур вазири маориф ва илм бо омӯзгорону тарбиятгирандагон суҳбат намуда, бо рафти таълиму тарбия ва шароити зисти тарбиятгирандагон шинос гардид. Ба вазири маориф ва илм иттилоъ дода шуд, ки дар мактаб - интернат барои зимистонгузаронӣ миқдори кофии сӯзишворӣ захира гардидааст.
 Вазири маориф ва илм таъкид кард, ки мебояд ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати маориф ва илм дар самти тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ  тадбирҳои судманд андешида шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар мактаб - интернати ба номи Эргаш Ямоқови ноҳияи Шаҳритус 47 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон