Кӯшониён: МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ КИШВАР САИДЗОДА РАҲИМ ҲАМРО БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ "ЗАРГАР"

10-06-2023
Имрӯз, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро дар муассисаи таълимии №14-и ноҳияи Кӯшониён бо ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ вохӯрӣ намуд. Дар бораи дастгирии хонандагон ҷиҳати ширкат дар озмуну олимпиадаҳо ёдовар гардид. Ба ғолибони олимпиада аз номи вазири маориф ва илм туҳфаҳо тақдим гардид.
Сипас, дар толори маҷлисии муассисаи таълимии мазкур мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро бо фаъолони Ҷамоати деҳоти "Заргар"-и ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид,ки дар он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон - сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, раиси ноҳияи мазкур, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва кормандони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дигар фаъолони ноҳия ширкат доштанд.
Нахуст, вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи омодагӣ ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди биноҳои наву замонавӣ ва дигар иншооти ҷашнӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳсозӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, кумак расонидан ба оилаҳои камбизоат, ятимону барҷомондагон сухан кард.
Ҳамзамон, дар ин раванд, вобаста ба омода намудани наврасон барои иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳо истодагарӣ намуда, дар хусуси рафъи баргузории онҳо изҳор назар гардид. Гуфта шуд,ки озмунҳои ҷумҳуриявие,ки аз тарафи Роҳбари давлат эълон карда шудааст, ба манфиати хурду бузурги кишвар мебошад. Сифати баргузорӣ ва таъмини шаффофиятро дар даврҳои якуму дуюм ва сеюм диққати ҷиддӣ дода шавад. Озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва ""Тоҷикон" - оинаи таърихи миллат" дар самти баланд бардоштани донишу маҳорати насли наврас мусоидат мекунад. Инчунин, ба ин васила истеъдодҳои нав ва эҷодкору навовар, ихтироъкор дарёфт гардида истодааст. Ба соҳибистеъдодҳо шароиту имконияти рушд муҳайё шуда аст.
Сипас, Саидзода Раҳим Ҳамро аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ёдовар гардиданд.
Ғайр аз ин, пешгирӣ намудани наврасону ҷавонон аз амалҳои террористӣ ва нагаравидан ба гурӯҳҳои ифротӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, таъкид гардид,ки шукргузорӣ аз тинҷиву осоиштагӣ, беҳтар намудани ҳисси миллӣ, худогоҳию худшиносиро дар замири ҳар як насли наврас ҷой кардан ҳатмӣ мебошад.
Дар қисмати дигар ҷавондухтарон,ки тариқи Квотаи президентӣ таҳсил намуда, дар соҳаҳои илму маориф ва тиб дар маҳал фаъолият доранд, баромад карданд. Ҳамзамон, раиси кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ сухан карда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаҳо, рушду пешрафти соҳаҳои маориф ва тиб, хоҷагии халқ, таҳсил, рушди деҳот изҳори сипос намуданд. 
Аз дастури Роҳбари давлат оид ба барқарор намудани заминҳои ғасбшудаи муассисаҳои таълимӣ ёдовар гардиданд. Изҳор гардид,ки дар муассисаҳои таълимӣ ба масъалаи барқарор намудани заминҳои ғасбшуда ва заминҳои ёрирасон диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон