КОНФРОНС: ТАҶРИБА ВА САТҲИ ЛОИҲАИ "РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ" ДАР ТОҶИКИСТОН

28-04-2022
28-уми апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ини Сино бо иштироки муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, ҳамоҳангсози Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” Ҳалим Саидзода, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва Бонки ҷаҳонӣ конфронс дар мавзуи “Таҷриба ва сатҳи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” дар Тоҷикистон” баргузор гардид, дар он инчунин, намояндагони донишгоҳҳои минтақаҳои кишвар (вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ) ба таври онлайн ширкат варзиданд.
Бояд гуфт, ки конфронс бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии мақомоти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва аҳли ҷомеа аз таҷриба ва дастовардҳои Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” доир гардид. 
Дар оғоз Л. Абдулхолиқзода-муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”-ро мавриди татбиқ қарор додааст, ки ба масъалаҳои беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ ва мутобиқнамоии он ба талаботи бозори меҳнат нигаронида шудааст. Ба шарофати татбиқи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ, хусусан бо донишгоҳҳои аврупоӣ, таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ, беҳтар намудани системаи сифати таълим ва аккредитатсия, такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорон ва табодули таҷриба муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.
-Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” аз 1 марти соли 2016 оғоз ёфта, муҳлати анҷоми он 30 октябри соли 2022 муайян шудааст. Ҳаҷми умумии Лоиҳа 15 млн долларро ташкил медиҳад, ки аз он маблағи қарз 8,25 млн доллар ва маблағи грант 6,75 млн доллар мебошад. Айни ҳол дар ҳаҷми 11 млн доллар маблағ аз худ карда шудааст, ки ин беш аз 70%-и маблағи умумии лоиҳаро ташкаил медиҳад. Тибқи маълумот ва нақшаи мувофиқашуда, маблағҳои боқимонда то 30 октябри соли 2022 дар ҷараёни татбиқи Лоиҳа пурра истифода мегардад,-қайд кард Ҳ. Саидзода, ҳамоҳангсози Лоиҳа. 
Дар конфронс масъалаҳо оид ба саҳми барномаи грантҳои озмунӣ дар рушди институтсионалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, арзёбии сифати таҳсилоти олӣ, такмили барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, дастгирии духтарон барои гирифтани маълумоти олии касбӣ, саҳми лоиҳа дар рушди соҳаи тиб, техника ва технология, бахши молиявӣ ва иқтисод, саноати металлургӣ дар Тоҷикистон ва омодасозии хатмкунандагони ихтисоси иқтисод барои рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат баррасӣ гардиданд. Доир ба масъалаҳои зикргардида Исроил Исмоилов - ҳамоҳангсози барномаҳои грантии Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ”, Алишер Собирҷонов – мудири кафедраи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Бахтовар Карабоев – аъзои гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм, Гулнора Анварова – сардори Маркази дарёфти грантҳо ва лоиҳаҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Хайём Маҳмудзода - директори Маркази рушди стратегӣ ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Абдулло Мамадамон – муовини ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Баҳром Сафаров – муовини ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Абдусафо Умарджонов – муовини ректори Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон ва Иномҷон Аминов - мушовир оид ба лоиҳаҳои байналмилалии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баромад карданд. 
Мавриди тазаккур аст, ки то имрӯз дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олии касбӣ” натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Аз ҷумла, тавассути татбиқи 21 лоиҳаи хурди грантӣ зиёда аз 3400 нафар ҷавонписарон ва ҷавондухтарон аз рӯи 33 ихтисос курсҳои касбомӯзиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи касб гардида, дар доираи татбиқи 49 лоиҳаи грантии барномаи грантҳои озмунӣ барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯи 76 ихтисос таҷдид ва такмил дода шуданд. Инчунин, такмили 305 барномаи таълимии фаннӣ анҷом дода, зиёда аз 2800 омӯзгор малакаву маҳорати худро тавассути семинару тренингҳо такмил доданд. Ҳамчунин, дар доираи татбиқи 20 лоиҳаи грантӣ аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ҷиҳати дастгирии донишҷӯдухтарон равона гардидаанд, ба зиёда аз 3822 нафар донишҷӯдухтарон хизматрасониҳои махсуси таълимӣ ва дастгирӣ барои рушди малакаҳои иловагӣ, рушди шахсии донишҷӯдухтарон ва беҳбудии шароити таълиму зиндагии онҳо расонида шуданд. Дар доираи лоиҳаҳои грантӣ донишгоҳҳо ба маблағи беш аз 40 миллион сомонӣ мебел ва таҷҳизоти таълимӣ харидорӣ намуда, лабораторияву синфхонаҳои худро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз намуданд. Илова бар ин, як қисми донишгоҳҳо бо маблағгузории лоиҳаҳои грантӣ лабораторияҳо ва кабинетҳои таълимиро таъмиру тармим намуданд.
Қобили зикр аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ҷиҳати таҳияи барномаҳои таълимӣ, баргузор намудани семинарҳо ва дарсҳои амалӣ бо 64 донишгоҳи хориҷӣ аз 26 кишвари ҷаҳон ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шуданд. Аз рӯи натиҷаҳои арзёбии мустақили байналмилалӣ тамоми лоиҳаи грантии Лоиҳаи мазкур қаноатбахш арзёбӣ гардиданд.
Ҳамзамон, дар сатҳи низоми соҳа чорабиниҳо вобаста ба такмили системаи таъмини сифат, ислоҳоти барномаи таълимии таҳсилоти олӣ ва арзёбии сатҳи маблағгузории системаи таҳсилоти олӣ мавриди амал қарор дода шуданд. Дар баробари корҳое, ки то имрӯз дар доираи Лоиҳа анҷом дода шудаанд, дар доираи чорабиниҳои нав корҳо ҷиҳати бо таҷҳизоти иттилоотию лабораторӣ таъмин намудани донишгоҳҳо идома доранд, ки бояд то оғози соли нави таҳсил ба анҷом расонида шавад.
БАХТОВАР САФАРОВ