КОНФРОНС: “РУШД ВА ДУРНАМОИ ИЛМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРӢ”

21-04-2022
21- уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо ибтикори Вазорати маориф ва илм бахшида ба Рӯзи илми тоҷик конфренсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Рушд ва дурнамои илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ” баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, ректорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуданд.
Конференсияи мазкурро муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ.Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бахшида ба Рӯзи илми тоҷик табрику таҳният гуфт.
Сипас, вазири маориф ва илм Р. Саидзода зимни суханронии худ зикр кард, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман» баргузор мегарданд, ки дар онҳо теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон, омӯзгорон ва намояндагони дигар касбу кор ширкат меварзанд.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол татбиқи амалии сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва инноватсия тибқи талаботи ҷаҳони муосир ва иқтисодиёти миллии кишвар ба роҳ монда шуда, таъмини соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ бо кадрҳои илмӣ, пайванди натиҷаҳои илм бо истеҳсолот, ҳамоҳангсозии корҳои навовариву ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ, дастгирии неруи илмии муҳаққиқон самти афзалиятнок дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ дониста шудааст.
Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм низ тайи чанд соли охир озмунҳои «Грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Навовари беҳтарин» ва «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» бо иштироки теъдоди зиёди донишҷӯён баргузор карда мешавад.
Сипас, Абдулло Мамадамон Абдураҳмонбек-муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар мавзуи “Усулҳои инноватсионии таълим ва фаъолияти илмӣ дар мактабҳои олӣ” ва Акобир Мирзораҳимов - муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзуи “Вазъи омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва дурнамои рушди илм дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ” суханронӣ намуданд.
Дар охир, вазири маориф ва илм ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» диплом ва дигар туҳфаҳои созмондодаи кумитаи тадорукотро тақдим намуд.
ЗАЙНАБ ҲУСЕЙНОВА