КОНФЕРЕНСИЯИ БОШУКУҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ ““ШОҲНОМА” – И ФИРДАВСӢ ВА ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ”

25-04-2024
Имрӯз, 25-уми апрел, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони ““Шоҳнома” – и Фирдавсӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ” дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз ва кормандону муҳассилини Донишгоҳ ширкат доштанд.
Ректори муассиса Жило Гулназарзода ҳузури меҳмонони олиқадрро ба Донишгоҳ шодбош гуфта, изҳор дошт: “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, ин шоҳкори бузурги мо, тоҷикон, ки реша дар тамаддуни ориёӣ дорем ва аз насли озодагон ҳастем, паёми нахустқомуси миллии мо- Авасторо, ки “рафтори нек, кирдори нек ва пиндори нек” мебошад, бо худ дошта, сарчашмаи худшиносӣ ва ифтихори миллии мо маҳсуб меёбад.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар асоси сиёсати маънавимеҳвари Пешвои муаззами миллат дар баробари анҷоми корҳои бузурги фарҳангӣ бо дарки баланди нукоти омӯзанда, созанда, панду андарзҳои ҳакимонаи осори ниёгонамон нашри 50- ҷилдаи осори классикон ва муосирон дар силсилаи “Ахтарони адаб” – роҳандозӣ гардид, ки бад-ин васила “Шоҳнома”-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар даҳ ҷилд дастраси хонандагон гардид. Ба ин иктифо нанамуда, 5-уми декабри соли 2023 Пешвои фарҳангдӯсти тоҷикони ҷаҳон, соҳиби давлати тоҷикон, посдорандаи арзишҳои маънавии миллатамон, зиндакунанда ва пояндадорандаи ному корномаи бузургон, фотеҳи қуллаи ормонҳои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки “Шоҳнома”- и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва дастраси хонаводаи ҳар як тоҷикистонӣ гардонида шавад, ки ин иқдом ниҳояти фазилати фарҳангсолорӣ, хирадварзӣ ва китобдӯстии Пешвои миллат аст.
Дар идома Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар мавзуи “Шоҳнома” – таҳкимбахши ҳувият ва ваҳдати миллӣ” баромад намуда, дар бораи ин асари безаволи Ҳаким Фирдавсӣ ва нақши он дар тарбияи худшиносию меҳандӯстии ҷавонон ибрози назар кард.
Шоистаи зикр аст, ки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро дар мавзуи “Шоҳнома” - и Фирдавсӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ” баромад карда, дар бораи нақши бузургу таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва гиромидошти осори гаронарзиши адибон, аз ҷумла, шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ “Шоҳнома” сухан гуфта, ҷавононро ба ватандӯстиву худшиносӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят кард.
Сипас муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар дар мавзуи “Тараннуми футуввату ҷавонмардӣ дар “Шоҳнома” - Фирдавсӣ” ва ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз дар мавзуи “”Шоҳнома” – номаи паҳлавонӣ ва худшиносии миллӣ” суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар идома профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳ Салими Хатлонӣ дар мавзуи “Паёми Фирдавсӣ дар назми “разм” ва рамзи “ишқ” ва профессори кафедраи забоншиносӣ ва рӯзноманигорӣ Олимҷон Қосимов дар мавзуи “Шоҳнома” - и Фирдавсӣ ва рушди забони адабии миллӣ” баромад карда, андешаҳои хешро доир ба конференсия ва асари мондагори “Шоҳнома” баён доштанд.

Маркази матбуоти Донишгоҳи байналмиллалии
забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода