Кӯлоб. ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН"

03-03-2024
Дар шаҳри Кӯлоб даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон" баргузор гардид, ки фаъолтарин омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ширкат карданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур ҳамасола миёни омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мешавад, ки беҳтарин омӯзгори сол муайян карда, мавриди қадрдонӣ қарор мегирад.
Озмун дар сатҳи муассисаи таълимӣ гузаронида шуда, беҳтарин омӯзгор ба даври шаҳрию ноҳиявӣ роҳхат гирифта, пас аз ғолибият дар даври вилоятӣ имкони иштирок дар даври ҷумҳуриявиро пайдо менамояд.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳо озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон" доир гардида истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон