ИСТИРОҲАТИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОН: ТАЪТИЛ БОСАМАР МЕГУЗАРАД

22-06-2023
Муассисати таҳсилоти  миёнаи умумии рақами 25 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон дар ҳамкорӣ бо падару модарон ва дигар аҳли ҷамоатчигӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.
Дар назди муассиса бо фарогирии 102 нафар хонандагон лагери наздимуассисавии “Офтобак” ташкил карда шуда, хонандагон бо се маҳал хӯрок таъмин мебошанд.  Барои  3 гурӯҳ истироҳаткунандагон давоми 14рӯз тибқи талаботи санитарию эпидемиологӣ ва зиддисӯхтор  шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Мураббиён Муҳайё Орифова, Робия Раҳмонова ва  Ҳанифа Ҳайдарова аз рӯйи нақшаи тасдиқгардида барои хубу хотирмон ва босамар гузаштани  истироҳату фароғати хонандагон,   ташаккул додани  малакаи хониш  кӯдаконро ба машғулиятҳои китобхонӣ, забономӯзию ҳунаромӯзӣ, бозиҳои гуногуни ҷалб менамоянд. 
Дар байни истироҳаткунандагон бо мақсади бедор намудани шавқу завқи онҳо ба китобхонӣ ва омода намудан барои иштирок  дар  озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”,”илм – фурӯғи маърифат”, ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат ва “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ дар соҳаи илму маориф” озмунҳои гуногун аз қабили “Китобхони беҳтарин”, “Ҳисобдони беҳтарин”, “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”,”Байтбарак”, ”Рассоми беҳтарин”,“Бонучаи донояк”, ”Ровии беҳтарин”, расм дар рӯйи асфалт  дар мавзуи”Сулҳ баҳорест, баҳор оварад...”  гузаронида мешаванд.  
Ҳамчунин барои бедор намудани  ҳисси зебоипарастӣ ва ифтихори ватандории истироҳаткунандагон ба Осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносии шаҳри Хуҷанд, Планетарияи ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва Қасри маданияти Арбоб, боғи истироҳатӣ - фароғатии “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Хуҷанд сайру саёҳатҳо ташкил карда шуданд. 
Дар истироҳатгоҳи назди муассисавии “Офтобак” чанде пеш мулоқоти хотирмону судманди истироҳаткунандагон бо адиби дӯстдоштаи кӯдакону наврасон, омӯзгор Каромат Бурҳонова( Озодаи Хуҷандӣ) баргузор гардид.
Меҳмони бачаҳо, бобати дӯсти ҳамешагии инсон, ҳамсафари роҳҳои дур, ҳамсуҳбати ширинзабон ва машваратчии ҳамешагӣ - КИТОБ суҳбат ороста, дар бораи аҳамияти иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"  сухан ронда, кӯдакону наврасонро ҷиҳати  иштироки фаъолона дар озмуни мазкур талқин намуд.
ноҳияи Бобоҷон ҒафуровДар поёни суҳбати самимӣ истироҳаткунандагон бо устод саволу ҷавоб намуда, шеърҳо қироат намуданд. Озодаи Хуҷандӣ ба беҳтаринҳо китобҳо ҳадя намуд. 


Марҳабо МИРКАЛОНОВА, 
роҳбари лагери наздимуассисавии
 “ОФТОБАК”-и  МТМУ №25, 
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров