ИСТИҚЛОЛ ШАЪНУ ШАРАФ ВА ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ

08-09-2023
Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Устодон ва шогирдони азиз!
Ҳамдиёрони муҳтарам!
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таърихи Ватани маҳбубамон ҳодисаи муҳимтарину тақдирсоз буда, 32 сол қабл аз ин –9 сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст. Он ҳамасола дар диёри хуршедии мо дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу тантанаҳои ҳамагонӣ таҷлил мешавад. Ба шарофати истиқлол халқи тамаддунпарвару соҳибфарҳанг ва бостонгуҳари тоҷик соҳиби давлати мустақили худ гашт ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ кард. Маҳз Истиқлоли давлатӣ мусоидат бар он намуд, ки тоҷикон зери парчами миллии худ ба ҳам омада, муттаҳид гарданд ва аҳлона ба бунёдкорию созандагӣ машғул шаванду ҳаёти осоишта ба сар баранд. Истиқлоли давлатӣ барои таъсиси давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ба халқи тоҷик имкони созгор фароҳам овард ва бар пайомади он ин халқи адолатпарвар соҳиби Конститутсия ва дигар муқаддасоти давлатию миллӣ гашт. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷикон роҳбару ҳомию дастгири шоиставу ҳақиқии худро дар шахси инсони наҷибу ватанпарвар, ҷасуру хайрхоҳ ва соҳибхирад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфтанд ва таҳти сарварии ин абармарди дунёи сиёсат истиқлоли худро аз хатару таҳдидҳои зиёде ҳимоя карда, сулҳу ваҳдати миллиро устувору бегазанд сохтанд. Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нахустрӯзҳои ба арсаи сиёсат дохил гаштанашон барои ҳифз кардану пойдор намудани Истиқлоли давлатӣ бо тамоми ҳастӣ ҷидду ҷаҳд карданду ҷоннисориҳо нишон доданд. Бо азму иродаи қавию бемисли Сардори давлати тоҷикон тамоми нақшаҳои муғризонаву кинаваронаи душманони дохилию берунии миллат барбод дода шуданд ваТоҷикистон мудҳиштарин вартаҳоро бартараф карда, ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ворид гашт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба Истиқлоли давлатии кишвар, аз ҷумла, чунин иброз доштаанд: «Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишони олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад».
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди буҳрони шадиди иқтисодии ҷаҳонӣ ва нобасомониҳои фарогир, дар диёри арҷманди мо рушди муназзаму бомароми иқтисодиёту иҷтимоиёт асосан таъмин карда шуд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ислоҳоту навсозиҳо амалӣ гардиданд ва ҳамкориҳои барои тарафайн судманд бо аксар кишварҳои олам роҳандозӣ шуданд. Истиқлоли давлатӣ, махсусан, дар соҳаи маориф гардиши куллӣ ба вуҷуд овард, ба рушди бесобиқаи ин соҳаи муҳим мусоидат кард. Бо ибтикори Сарвари кишвар соҳаи маориф дар Тоҷикистон афзалиятнок эълон гардид ва зери таваҷҷуҳу ғамхорию сарпарастии ҳамешагии Давлату Ҳукумат қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки вазъи имрӯзу фардои мамлакат, пеш аз ҳама, иртиботманд бо соҳаи маориф аст ва маҳз ҳамин соҳа бунёду нахустомили ҳама пешравию комёбиҳои миллат мебошад. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба ҷараёни навини такомули соҳа мусоидат кард. Омӯзгорон ба ғамхорӣ фаро гирифта шуда, барояшон имтиёзҳои зиёд муқаррар гардид. Дар саросари кишвар бунёди мактабҳои нав, таъмири куллию муҷаҳҳазсозии таълимгоҳҳои куҳнаю фарсуда авҷ гирифт, заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ғанӣ карда шуд. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат беш аз 2000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тарҳи замонавӣ ва таҷҳизоти мукаммал сохта, ба истифода дода шуд, ки ин дар таърихи давлатдории Тоҷикон ҳодисаи беназир аст. Маблағгузорӣ ба соҳаи маориф марҳала ба марҳала бештар гардид.
Таҳия ва қабули як қатор санаду ҳуҷҷатҳои муҳимми давлатӣ, аз ҷумла, «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо», «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ», «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва амсоли инҳо ба боз ҳам муваффақу пешрав гаштани соҳа мусоидат карданд. Солҳои охир бо ибтикори Пешвои миллат роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» боиси боз ҳам афзудани таваҷҷуҳу рағбати ҷавонону хонандагон ба илму хирадомӯзӣ гардид. Аз файзи истиқлол аст, ки барномаҳои таълимӣ барои тамоми зинаҳои таҳсилот таҷдиди назар шуданд, китобҳои дарсии насли нав арзи ҳастӣ карданд, муассисаҳои таълимии намуди нав ба фаъолият пардохтанд ва сатҳи таълиму тарбия хеле боло рафт.
Дар маҷмуъ, Истиқлоли давлатӣ аз ҳар ҷиҳат боиси шукуфоию пирӯзмандии соҳаи маориф гардид ва ба равнақу такомули пайвастаи он шароити созгор фароҳам овард. Ҳамакнун вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат ва аз ҷумла, ҳар як корманди соҳаи таълиму тарбия аст, ки дар посдорию устуворсозии Истиқлоли миллӣ доимо ҷидду ҷаҳд намояд ва ин даъвати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша дар хотир дошта бошад: «Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қимматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам тақвият бахшем».
Ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тамоми ҳамватанони азиз ва аҳли маорифи кишварро самимона табрику таҳният мегӯям ва таманнои онро дорам, ки дар Ватани маҳбуби мо ҳамеша сулҳу ваҳдат ва амнияту осоиштагӣ ҳукмрон бошад, Истиқлоли давлатии мо бегазанду безавол бимонад.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак!