ИСТАРАВШАН: ДАР ЗАМИНАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАКМИЛИ ТАЪЛИМ ВА ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСӢ ВА АНГЛИСӢ КОНФЕРЕНСИЯ БАРГУЗОР ГАШТ

04-03-2024
Дар гимназияи рақами 1-и шаҳри Истравшан  дар заминаи татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омузиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар конференсияи илмӣ-адабии мавриди назар сардори раёсати маорифи шаҳри Истаравшан Сулҳиддин Аминзода ва кормандони раёсати маориф, омӯзгорони фанҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан ширкат варзиданд. 
Сардори раёсати маориф Аминзода Сулҳиддин сухан карда, фаъолияти омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисиро дар маҷмӯъ қонеъкунанда зикр дошта, ҷиҳати омӯзиш ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ ва ба ин восила, дарёфти хонандагони болаёқат, омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо ва дигар самтҳои фаъолият ба омузгорони забонҳои русӣ ва англисӣ дастурҳои методӣ ироа намуд. 
Дар ин замина ва дигар самтҳои фаъолияти омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ табодули андеша сурат гирифт. 
Дар фарҷоми конференсияи илмӣ-адабӣ омузгорони фаъоли фаннӣ ва хонандагоне, ки дар озмуни “Луғатдони беҳтарин” аз фанни забонҳои русӣ ва англисӣ ва Олимпиадаи SPELLING BEE ҷойҳои намоёро ишғол намуда буданд, аз тарафи раёсати маорифи шаҳр бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.