ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ АЪЗОИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШАРИКИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ (GPE)

31-01-2023
31-уми январи соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ҷаласаи аъзои Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE), ки ба тариқи ҳузурӣ дар шаҳри Парижи Фаронса, ҳамчунин ба тариқи маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуд
Дар вохурӣ масъалаҳои ҷудо шудани ташкилоти Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) аз Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ бо дарназардошти ҳифз намудани хизматрасониҳои Бонки ҷаҳонӣ ва оқибатҳои мусбат ва манфии он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2022 ба ҳайси аъзои алтернативии Шурои директорони Шарики глобалӣ дар соҳаи маориф аз ҳавзаи Аврупои шарқӣ, Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ интихоб гардидааст.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон