ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ВОБАСТА БА ОЗМОИШИ НИЗОМИ 10-ХОЛАИ БАҲОГУЗОРӢ

09-02-2024
Имрӯз, 9-уми феврали соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб дар семинари омӯзишӣ вобаста ба озмоиши низоми 10-холаи баҳогузорӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Зимни суханронӣ вазири маориф ва илм қайд намуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани низоми маорифи миллӣ зарурати татбиқи низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ пеш омадааст ва маҳз ба ҳамин хотир низоми 10-холаи баҳогузорӣ дар 140 муассисаи таълимии санҷишӣ озмоиш карда мешавад. Ба хотири мувофиқ ба стандартҳои миллӣ намудани низоми 10-холаи баҳогузорӣ лозим аст, ки дар семинарҳои озмоишӣ омӯзгорону мутахассисони варзида ҷалб карда шаванд ва фикру андеша ва пешниҳодҳои онҳо мавриди истифода қарор дода шавад.
Дар навбати худ ширкаткунандагони семинар иброз доштанд, ки низоми 10-холаи баҳогузорӣ имкон медиҳад, ба дониши воқеии хонандагон баҳои мувофиқ гузошта шавад ва онҳо ба омӯзиш бештар ҳавасманд гарданд.
Ёдовар мешавем, ки семинарҳои омӯзишӣ вобаста ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ ва меъёрҳои арзёбии дониши хонандагон дар 4 минтақаи кишвар: шаҳри Душанбе, минтақаи Бохтар, минтақаи Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардида истодааст, ки дар онҳо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва мутахассисони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуда истодаанд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон