ИШТИРОКИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР СИМПОЗИУМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МАОРИФ

20-09-2023
Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Симпозиуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои маориф таҳти унвони "Омӯзгори соҳибкасб- миллати босавод" доир гардида истодааст, ки дар он бо роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.
Ҳамоиши мазкур бо иштироки намояндагони маорифи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва  Қирғизистон баргузор гардида, дар он масъалаҳои табодули таҷриба, истифодаи методҳои муосири таълим, коркарди усулҳои самарабахши омӯзиш ва баланд бардоштани мавқеи омӯзгор дар ҷомеа, таваҷҷуҳ ба касби омӯзгорӣ ва чанде дигар мавриди омӯзишу баррасии иштирокчиён қарор дода мешавад. 
Ёдовар мешавем, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири маориф ва илмро Раҳмоналӣ Мирзозода-директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Айнулозода Наҳтулло-ноиби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ оид ба таълим, Наврӯзов Ҳамза-мушовири директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Бозичаева Васила-ходими хурди илмии шуъбаи сотсиологии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамроҳӣ доранд.