ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

04-04-2024
Имрӯз, 4-уми апрели соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ҷаласаи кории вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар ноҳияи Шаҳринав бо аҳли маорифи ва ҷамоатчигии ноҳия баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода, муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм, кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, директорон ва муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ иштирок намуданд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ дар ҷаласа ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", таъсиси муассисаҳои нави томактабӣ, масъалаҳои баланд бардоштани ҳисси миллии аҳли маориф, риояи ба бар кардани либосҳои тавсиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, бо худ овардани китобҳои дарсӣ аз ҷониби хонандагон, пешниҳоди дурусти дархости китобҳои дарсӣ, пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, пешгирии амалҳои хусусияти коррупсионӣ дошта, пешгирии ҷалби омӯзгорон ба корҳои ба самти таълиму тарбия алоқанадошта, таъини мутахассисони варзида ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни хонандагон ва воридшавии онҳо ба сомона ва шабакаҳои иҷтимоии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ, дастгирии татбиқи ҳукумати электронӣ дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, рушди саводи расонаии омӯзгорону хонандагон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва таҷҳизотҳои озмоишиву таълимӣ, иштироки фаъолонаи омӯзгорону хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм - фурӯғи маърифат", "Тоҷикистон - Ватани азизи ман", рӯ овардан ба китобу китобхонӣ, иштироки хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ аз ҷониби хонандагону омӯзгорон, танҳо дар асоси шартнома ҷалб намудани омӯзгорон ба таълими забонҳои русиву англисӣ дар дигар ташкилоту корхонаҳо, пешгирии амалҳои хурофотӣ дар байни омӯзгорону хонандагон, истифодаи самараноки обу барқ дар муассисаҳои таълимӣ ва манзилҳои зист, сабзу хуррамгардонии гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, гиромидошти анъанаву ҷашнҳои миллӣ, фарогирии хонандагоне, ки синфи 9-умро хатм кардаанд, ба таҳсил дар синфи 10-ум, ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани омӯзгорон, зиёд кардани маҳфилҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва фарогирии бештари хонандагон ба таҳсилоти иловагӣ, ҳуҷҷатсупории бештари хатмкунандагон ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон карда шуд.
Зимни суханронии худ вазири маориф ва илм ва раиси ноҳияи Шаҳринав ба масъалаҳои боло ишора намуда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва минбаъд дар сатҳи хубтару беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти худ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охир миёни иштирокчиёни ҷаласа табодули афкор сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон