ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОЕ, КИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЗИМНИ СУХАНРОНИИ ХУД ДАР РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШГОҲИ ТИББИИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА ИРОА ДОШТАНД

05-09-2023
5 сентябр дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ироа доштанд, ҷаласа баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҳозиринро бо фарорасии соли нави хониш ва ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳо таманно намуд.
Раҳим Саидзода қайд кард, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем”.
Барои эмин нигоҳ доштани ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ як амри зарурӣ барои мо кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар мебошад. Аз ин рў, фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои илму донишомӯзии наврасону ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳар яки мову шумо ҳисобида мешавад.
Раиси ҷаласа диққати ҳозиринро ба масъалаҳои фароҳам овардани тамоми шароити зарурӣ барои илму донишомӯзии наврасону ҷавонон, беҳтар намудани фаъолияти осорхонаҳои назди муассисаҳои таълимӣ, бознигарии барномаву стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва дар ҳолати садамавӣ қарордошта, ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон, таъсис ва фаъолияти марказҳои рушди кӯдак, такмили маҳорати касбии мураббиён, ҳозиршавии хатмкунандагон ба ҷойи кор, аз ҷумла хатмкунандагони равияҳои омўзгорӣ, таҳлили вазъи қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли таҳсили 2023 – 2024 ҷалб намуда, ба сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва мудирони шуъбаҳои маориф ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаҳои дар боло зикргардида дастур супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба иштирокчиёни ҷаласа таъкид намуд, ки дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ироа доштанд, бояд дар муддатҳои муайяншуда иҷро гардида, аз натиҷаи онҳо маълумоти хаттӣ пешниҳод карда шавад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикиситон