ИҶРОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2025 ...

25-04-2024
25-уми апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №102-и шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои талаботи бандҳои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Таҳсилоти томактабӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” баргузор гардид. Дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорати маориф ва илм, мушовирони кабинетҳои методӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳа аз он шаҳодат медиҳад, ки расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ беҳтар гардидааст. Дар баробари ин, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва амалигардонии Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 амри зарурист.
Ҳадафаз баргузории семинари мазкур ин бозомӯзии мушовирони томактабии раёсат ва шуъбаҳои маориф ва роҳбарони семинарҳои доимоамалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба ҳисоб меравад.
Маврид ба зикр аст, ки семинари мазкур се рӯз идома меёбад ва ҷамъбасти он 27.04.2024 дар назар аст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон