ИМКОНИЯТИ МУСОИД БАРОИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶИ КИШВАР

23-01-2024
Агар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кишварҳои пешрафтаи Аврупою Амрико таҳсил кардан мехоҳед ва ё орзуи идома додани таҳсил дар бузургтарин донишгоҳҳои ҷаҳонро доред, ин орзуи Шумо имкони амалӣ шудан дорад. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ба довталабоне, ки дорандаи сертификатҳои байналмилали TOEFL, IELTS, Duolingo, Goethe, TOPIK ва донандагони забонҳои хориҷӣ мебошанд, имкон медиҳад, ки хароҷотҳои таҳсил пурра аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт гардад. 
Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз рӯйи зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура, докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ ҳуҷҷатҳои довталабонро қабул менамояд. 
Барои довталабони зинаи бакалавр бурсия аз рӯйи ихтисосҳои гуногун дар зиёда аз 50 кишвари пешрафтаи ҷаҳон пешниҳод шудааст. 
Дар баробари ин, ҷиҳати таҳсил дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои пешрафтаи кишварҳои Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия ва дигар давлатҳои ҷаҳон аз рӯйи 9 ихтисос квотаҳо пешбинӣ шудаанд.
Дар зинаҳои аспирантура, докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ аз рӯйи ихтисосҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ квотаҳо пешниҳод шудааст.
Қабули ҳуҷҷатҳо то 1 марти соли 2024 идома меёбад.
Маблағгузории Стипендияи “Дурахшандагон” аз ҳисоби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ амалӣ мегардад. Маблағи таҳсил, иқомат дар хобгоҳ, суғуртаи тиббӣ, стипендияи моҳона, роҳкирои донишҷӯён, мутобиқгардони ба стандарти давлати дахлдор, ба расмият дарории раводид, нашри натиҷаҳои илмҳои таҳқиқоти илмии довталабоне, ки аз санҷиши Комиссияи интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ мегузаранд, пурра пардохт мегардад.
Довталабоне, ки мехоҳанд ба тариқи бурсия ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ дохил шаванд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» супоранд.
Талаботи асосӣ барои довталабон донистани забонҳои хориҷӣ ва дониши васеъ дар соҳаи интихобнамуда мебошад.
Барои гирифтани маълумоти бештар ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47) муроҷиат намоед.
Телефон барои тамос: +992 372 232359