ИФТИТОҲИ СЕ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР ДОНИШКАДАИ КӮҲИЮ МЕТАЛЛУРГИИ ТОҶИКИСТОН 

07-10-2021
Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" Маҳмадсаид Шоҳиён ва ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ бинои хобгоҳи донишҷӯёни хориҷӣ, Маркази бақайдгирию тестӣ ва майдончаи варзиши теннис барои 200 нафар ба истифода дода шуд. 
Нахуст, меҳмонон бо дастовардҳои донишкада шинос шуда, аз Маркази бақайдгирию тестӣ, ки бо усули замонавӣ барои нишасти зиёда аз 100 нафар донишҷӯ сохта шудааст, дидан намуда, сипас, дар майдончаи варзишии тозабунёд бо донишҷӯён суҳбати самимӣ анҷом доданд. 
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаро ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо барору комёбиҳои беназирро таманно намуд. 
Сипас, меҳмонон аз бинои хобгоҳи №1 дидан намуда, ба кори таъмиру таҷдид баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин, зимни боздид аз биноҳои донишкада вазири маориф ва илм М. Имомзода ба устоди донишкада Г.Самадова нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”-ро тақдим намуд.