ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "ЛИТСЕЙ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ" ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ

05-10-2023
5 октябри соли равон бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, раиси ноҳияи Шаҳринав Вализода Абдуқодир ва сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” дар ноҳияи Шаҳринав ифтитоҳ гардид.
Баъд аз ифтитоҳи муассисаи мазкур Зиёдулло Абдулзода якҷо бо меҳмонон аз синфхонаҳо дидан намуд. Сипас бо ҳайати омӯзгорони муассисаи мазкур вохӯрӣ намуд ва аз сиёсати маорифпарварона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардид. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ба фаъолият оғоз намудани литсейи мазкур дар ноҳияи Шаҳринав идомаи мантиқии сиёсати муваффақи маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири таълиму тарбияи хонандагон мебошад.
Муассисаи нави таълимӣ барои 620 нафар хонанда бо назардошти синфхонаҳои фаннӣ пешбинӣ гардида, аз 2 қисмат ва 4-ошёна иборат мебошад. Литсейи мазкур дорои озмоишгоҳҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика, компютерӣ, китобхона, мусиқию рассомӣ, толор ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад ва барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар онҳо дастгоҳу аёниятҳои зарурӣ васлу насб шудаанд.
Дар муассисаи нави таълимӣ тарбияи хонандагон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Таълимгоҳ ҳамчунин дорои синфхонаи алоҳидаи омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, як толори варзиш, толори хӯрди маҷлис ва ошхона мебошад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
 Ҷумҳурии Тоҷикистон