ИФТИТОҲИ 10 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ, ТОЛОРИ МАҶЛИС ВА ОШХОНА ДАР НАЗДИ МТМУ №26-И ДЕҲАИ НАЙМАНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СУРХИ ШАҲРИ ИСФАРА

17-04-2022
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомамӣ Раҳмон ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд 17-уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода, раиси шаҳри Исфара Баҳодур Баҳовуддинзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода, сардори раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, омӯзгорон ва хонандагони деҳаи Найман 10 синфхонаи иловагӣ, толори маҷлис ва ошхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 26 мавриди истифода қарор дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки муассисаи мазкур соли 2006 аз тарафи соҳибкор Раҳимҷон Азимов барои 240 ҷойи нишаст сохта шуда, соли 2021 бинобар зиёд шудани теъдоди хонандагон аз тарафи соҳибкори зикргардида ошёнаи дуюми бино иборат аз 10 синфхонаи иловагӣ, толори варзишӣ барои 260 ҷойи нишаст, толори маҷлисгоҳ барои 160 ҷойи нишаст, ошхона барои 120 ҷойи нишаст, майдончаи сафороӣ ва китобхона сохта ба истифода дода шуд.
Айни ҳол, дар муассисаи таълимӣ 409 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 25 омӯзгор дарс медиҳад.

ЗАЙНАБ ҲУСЕЙНОВА