ИДОМАИ САФАРИ ГУРУҲИ КОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶУМҲУРИИ ГУРҶИСТОН

12-09-2023
Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Гурҷистон рӯзи12 сентябр ҳайати гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 шаҳри Тблиси дидан карда, ба фаъолияти осорхона, китобхона ва кабинети технологияи иттилоотии он шинос шуданд. Зимни боздид оид ба масъалаҳои баҳогузории бисёрсола, нақшаву барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, журнали электронӣ, дарсҳои иловагӣ, сарбории омӯзгорон таваҷҷуҳ карда шуд.
Баъдан, гурӯҳи корӣ аз Маркази миллии такмили ихтисоси омӯзгорон дидан намуда, бо рафти гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос, пояи моддию техникӣ ва кадрӣ, платформаи рақамӣ барои омӯзгорон, озмоишгоҳи муассисаи мазкур шинос шуданд.
Пас аз нисфирӯзӣ системаи иттилотии идоракунии маорифи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Гурҷистон дидан карда, оид азбарномаи махсуси оморӣ, ки дарбаргирандаи маълумоти пурраи зинаи таҳсилоти умумӣ аст, дидан карданд.
Дар ҷараёни сафар аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода дастовардҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти умумӣ, такмили ихтисос ва системаи иттилоотии идоракунии маориф дар муқоиса ба кишвари Гурҷистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон