ХУШХАБАР АЗ ТАЙЛАНД

10-12-2023
Дар олимпиадаи байналмилалии «IJSO-2023»  Разакова Шаҳзода – хонандаи синфи 10-и филиали муассисаи таълимии хусусии «Литсей-интернати тоҷикӣ-русии Ҳотам  ва ПВ» дар шаҳри Ҳисор сазовори мақоми 3-юм гардид.
Олимпиадаи мазкур аз санаи 1– ум то 10– уми декабри соли 2023 дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд  баргузор шуд, ки дар он дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистонро  6 нафар навраси то 15-сола муаррифӣ намуданд.
Дар олимпиада наврасони беш аз 55 давлати дунё ширкат варзиданд. Бояд гуфт, ки озмуни мазкур дар ҷаҳон аз озмунҳое ба шумор меравад, ки дар он саволу масъалаҳои мураккабтарин пешниҳоди довталабон мегардад.  
Ёдовар мешавем, ки озмун дар се бахши фанҳои табиатшиносӣ - химия, биология ва физика доир гардид. 
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт
ва рушди истеъдодҳо»-и назди Вазорати маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон