ХОНИШИ ИДОРАВӢ: БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

09-02-2024
9 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода ҷаласаи омӯзиши идоравии хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид. Дар он сардорони раёсат, шуъба, бахш ва дигар кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.
Муовини вазири маориф ва илм қайд намуд, ки баланд бардоштани ҳисси миллии хизматчиёни давлатӣ ва тақвият бахшидани эҳсоси ватандӯстии онҳо аз масъалаҳоеанд, ки пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки пайваста дар баланд бардоштани ҳиссси худогоҳиву худшиносии миллии хизматчиёни давлатӣ, махсусан, ҷавонон корҳои созанда ба сомон расонида шавад.
Сипас сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Ҷаҳонгир Бобоҷон дар мавзуи “Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”” баромад намуда, иброз дошт, ки таълиму тарбияи насли наврас натанҳо бар дӯши омӯзгор, балки бар дӯши падару модар низ ҳаст ва тибқи санадҳои меъёрӣ падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бояд масъулиятпазир бошанд.
Дар идома сармутахассиси раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Шерзод Дӯстмурод дар мавзуи “Стратегияи саноатикунонии босуръат ва пайванди он ба соҳаи маориф” ва сардори шуъбаи умумӣ Ҷумазода Ҷамшед дар мавзуи “Шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва қоқеӣ”” маъруза намуданд.
Дар охир маърузаҳои дар боло қайдгардида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, имштирокчиён байни ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон