Хонандагону омӯзгорони деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара 1 сентябрро дар мактаби замонавӣ таҷлил намуданд

01-09-2023
ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои муассиса 33 сол қабл, яъне соли 1989 бунёд гардида буд ва то ин муддат хонандагон дар шароити на он қадар хуб таҳсил менамуданд. Бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 дар деҳаи Ғиҷовак ба маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатманди ҳамин деҳа пурра навсозӣ ва шароити бинову синфхонаҳои таълимӣ ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуд.
Дар маросими расмии ифтитоҳи бинои мактаби рақами 23, ки барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муассиссаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 дуошёна буда, дорои 25 синфхонаи таълимӣ, китобхона, толори фарҳангӣ ва маҷлисгоҳ барои 104 ҷойи нишаст, ҳуҷраи омӯзгорон, ошхонаи замонавӣ бо 120 ҷойи нишаст, толори барҳавои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Тамоми синфхонаҳои таълимӣ ва ошхонаи бино пурра бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, раванди таълиму тарбия дар шароити замонавӣ амалӣ мешавад.
Дар доираи Бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ 4 синфхонаи фаннӣ, аз ҷумла синфхонаи физика, химия, биология ва 4 озмоишгоҳ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст, ки аз чунин шароити созгор хонандагон метавонанд самаранок истифода намуда, сатҳи дониши худро боз ҳам баланд бардоранд. Синфхонаҳои фаннӣ дорои 12 тахтаи электронӣ буда, дар синфхонаи дигар барои омӯзиши навгониҳои замони муосир 17 компютери нав харидорӣ шудааст, ки имрӯз ба хонандагон омӯзгорони ботаҷрибаи донандаи забонҳои хориҷӣ таълим медиҳанд.
Системаи гармидиҳии муассисаи таълимӣ пурра барқарор шуда, дар он буғхона бо дарназардошти технологияи ҳозиразамон бунёд шудааст, ки дар фасли зимистон тамоми иншоот бо истифода аз ангишт гарм нигоҳ дошта мешавад.
Дар доираи корҳои ободонӣ ҳамзамон дар шафати бинои таълимӣ майдончаи варзишии бозӣ барои футбол ва баскетбол бунёд шудааст, ки ҷавонону хонандагон имкон доранд бо истифода аз шароити мавҷуда ба обу тоби бадан ва намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.
Навсозӣ ва таъмини шароити замонавии мактаби рақами 23 шодию нишоти мардумро боз ҳам зиёд намуд ва соҳибкорони деҳаи Ғиҷовак бо ҷонибдори аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша доранд, ки дар оянда бинои дуошёнаи нави иловагии таълимиро барои 400 хонанда сохта, мавриди истифода қарор диҳанд.