Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Леваканд дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 18 медал ва 6 ҷои ифтихорӣ шуданд

12-12-2023
/АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Леваканд дар олимпиадаҳои фаннӣ соҳиби 18 медал ва 6 ҷои ифтихорӣ гардиданд.
Тавре мудири бахши маорифи шаҳри Леваканд Ниёзалӣ Ашӯрзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, дар озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» чор нафар то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, фаъолона иштирок намуданд. Дар озмуни «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ду хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Леваканд ҷои сеюмро гирифтанд ва дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хонандаи Литсейи давлатии №1-и шаҳри Леваканд Шомита Давлатова сазовори ҷои ифтихорӣ гардид.
Дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши маорифи шаҳри Леваканд хуб ба назар мерасанд. Махсусан дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо дар шаҳри Леваканд таълимгоҳои наву замонавӣ қомат афрохтаанд, ки ба беҳтар гардидани таҳсилоти умумӣ, мутобиқ гардонидани талаботи низоми таҳсил ва баланд бардоштани сифати таҳсил мусоидати фаъол менамоянд.
Ниёзалӣ Ашӯрзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Леваканд дар маҷмуъ чор муассисаи таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамон сохта, ба истифода дода шуд. Давоми як соли охир дар шаҳри Леваканд як муассисаи таълимии замонавӣ ва бисту як синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода шуд, ки ин ба муҳайё намудани шароити ҷои нишасти хонандагон мусоидат менамояд.
Имрӯзҳо тамоми мардуми шаҳри Леваканд аз ҷумла, кумитаи падару модарони ҳар муассисаҳои таълимӣ, шахсони саховатпеша, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат рӯ ба ҷониби маориф оварда, барои дастгирии омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ кумак мерасонанд.
Ҳамин гуна таваҷҷуҳ ва инфрасохтори маорифи шаҳри Леваканд буд, ки имконияти бо ҷои нишаст фаро гирифтани хонандагон беҳтар гардид. Дар аксар муассисаҳои таълимии шаҳри Леваканд кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳ, толорҳои варзишӣ, ошхона ва китобхона бунёд шудаанд.
Чунин шароити арзандаи таҳсил ба зиёд шудани дастовардҳои устодону шогирдон замина фароҳам овард.