Хатлон: ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ

16-06-2023
Имрӯз дар толори хурди маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Вазорати маориф ва илми кишвар баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини якуми вазир Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, муовини вазир Абдулзода Зиёдулло Назар, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, сардори раёсати маорифи вилоят, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, сардорони раёсату бахшҳои молия ширкат намуданд.
 
Дар рафти ҷаласа муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси вилояти Хатлон оид ба вазъи таълиму тарбия, шароиту имконияти таҳсилу фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ, саривақт ва дар сатҳи лозима таъмин намудани бинои муассисаҳои таълимӣ, ҷиҳозонидани синфхонаҳои фанҳои дақиқ, табии ва риёзӣ, таъминот бо сару либоси ягонаи мактабӣ, ҷобаҷогузории кадрҳои омӯзгорӣ ва саривақт ҳозир шудани омӯзгорони ҷавон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илм, имтиҳоноти аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, натиҷаи олимпиадаи фаннӣ баромад карданд.
 
Ҳамзамон, масъалаи иҷроиши Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор дода шуд. Қайд гардид,ки дар самти иҷроиши барномаҳои мазкур масъулинро зарур аст,ки бо дарки масъулияти баланд корбарӣ намоянд. Зеро ҳамаи барномаҳо саропо дар самти рушди соҳа мусоидат мекунанд.
 
Дар қисмати охири мушовара ба муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ва дигар масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии дастурҳо оид ба бақайдгирӣ ва иштирок дар имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ, дохилшавӣ ба макотиби олии дохил ва хориҷи кишвар, қабули хонандагони синфи якум, ҷалби соҳибкорони ватанӣ дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, ҳамкории зич бо падару модарон, такмили ихтисоси омӯзгорон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ супориш дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон