ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ 10-ХОЛА ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

12-01-2024
Яке аз масъалаи муҳиме, ки тайи рӯзҳои охири ҳафтаи равон таваҷҷуҳи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус, фейсбукро ба худ ҷалб намуд,  гузариш ба низоми 10-холаи баҳогузорӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. 
Дар як муддати кутоҳ, пас аз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифи гардидани “Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вокунишҳои зиёдеро ба амал овард. 
Албатта вокунишҳо ва фикру андешаҳо дар ин бора гуногун буда, мухталифи ҳамдигаранд. Як қисм гузариш ба низоми нави баҳогузориро падидаи нозарур шуморида, онро дар раванди таълим беманфиат медонанд ва қисми дигаре ба таҳлука афтода, ба моҳияту муҳимияти он сарфаҳм нарафта, татбиқи онро мушкилу дастнорас медонанд.
Вале кам нестанд шахсоне, ки гузариш ба низоми нави баҳогузориро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар зарур дониста, андешаҳои худро чиҳати мусоидат ва амалӣ намудани низоми мазкур иброз намудаанд. 
Таҳлилу хулосаҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки аксари шарҳнависҳо худашон масъалаи мазкурро ба пуррагӣ сарфаҳм намераванд ва ё дар ин бора маълумоти кофӣ надоранд. 
Аз ин хотир зарур мешуморам, ки ба чанд паҳлуи масъалаи мазкур нуқтаи назари худро иброз намоям.
Мусаллам аст, ки низоми маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии кишвар эътироф гардида, аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар ислоҳоти он пайгирона ва бомаром идома ёфта истодааст. Дар раванди ислоҳот масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо омӯзгорон, стандартҳои фаннӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои иловагии таълимӣ ба андозаи зарурӣ ҳалли худро ёфтааст. Аммо масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот, сатҳи дониш, малака ва маҳорати амалии хонандагон имрӯз аз муҳимтарин мушкилоти соҳаи маориф башумор меравад.
Дар ин робита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш - Дарси сулҳ ва ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино, (01.09.2022) дар бораи зарурати гузариш ба низоми баҳогузории бисёрхола чунин пешниҳод намуданд: “...Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот вақти он расидааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ карда шавад”. 
Ин пешниҳод ва дастури Пешвои муаззами миллат зарурати гузариш ба низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро ба миён меоварад. 
Воқеан, раванди ислоҳоти низоми таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки гузариш аз низоми баҳогузории 5-хола ба низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбӣ бо мақсади мутобиқкунонии он ба талаботи замони муосир ва меъёрҳои байналмилалӣ яке аз талаботи афзалиятноки замони муосир ба ҳисоб меравад. 
Вобаста ба ин Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои он, олимон, коршиносон ва омӯзгорон омӯзишу татқиқотҳо гузаронида, таҷрибаи чандин кишварро доир ба ин масъала омӯхтаву хулоса карданд. Бо назардошти хусусиятҳои миллӣ “Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро таҳия ва барои корбарӣ пешниҳод намуданд.
Хотиррасон менамоям, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади санҷиши самаранокӣ, паҳлуҳои мусбату манфӣ, ба муҳит ва манфиатҳои миллӣ мо созгор будани он гузаронидани озмоиш (пилот)-ро аз рӯйи низоми баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси Дастурамали мазкур пешбинӣ намудааст. Низоми мазкур муддати як чанд сол дар муассисаҳои таълимии пилотӣ мавриди озмоиш қарор дода мешавад. Дар ин давра бо омӯзгорону хонандагон ва мутахассисону олимони соҳа суҳбату вохуриҳо анҷом дода мешвад. Пас аз анҷоми озмоиш ва дар асоси натиҷаҳои мусбии асоснокшудаи озмоиш ва пешниҳоду дархостҳои тарафҳо Низомномаи баҳогузории 10-хола ва меъёрҳои арзёбии сатҳи дониш, малака, маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва татбиқ карда мешавад.
Аз ин хотир, таъкид менамоям, ки Дастурамали мазкур ҳуҷҷати намунавии озмоишӣ  буда, бо арзи эҳтиром, аз ҳамаи шарҳнависон хоҳиш мекунам, ки бо мақсади беҳтару хубтар татбиқ шудани низоми мазкур ва ба даст овардани натиҷаҳои манфиатбахш дарҷи назари хешро каме дар риштаи мавзуъ бар кашида, тафаккури амиқу андешаҳои солиму созандаи худро иброз доред. Ҳамаи пешниҳоду маслиҳатҳои муфиди шумоён оид ба такмили муқаррароти низоми мазкур пазируфта мешаванд.

Бой Нодиров – мудири шуъбаи хадамоти методии таҳсилоти умумии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон