Фаъолияти соҳа вусъат меёбад

15-10-2018
13 октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он  фаъолияти вазорат дар нуҳ моҳи соли равон мавриди баррасӣ  қарор гирифт. 
Дар ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммад Сафолзода, муовини аввал ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорон ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Оид ба фаъолияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ муовини вазири маориф ва илм Сайфиддин Давлатзода суханронӣ кард.
Мавсуф иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2017)  таъкид доштанд: «Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намояд».
Маълум, ки соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ соҳаи меҳварӣ ҳисоб ёфта, ҳамасола ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва  беҳдошти иқтисодии аҳли маориф корҳои судманд амалӣ мегарданд.  Аз ҷумла, аз 1 сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаи маориф ва андозаи идрорпулии донишҷӯён 15% зиёд гардида, маоши вазифавии омӯзгори дорои таҳсилоти олӣ бо дараҷаи олӣ барои 1 ставка ба 896 сомонӣ баробар шуд.  Маоши вазифавии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки роҳбарии синф, мудирии кабинет ва тафтиши дафтарро ба уҳда доранд, мутаносибан ба андозаи 10, 15 ва 20 фоиз иловапулӣ пардохт карда мешавад. Бо дарназардошти иловапулиҳои мазкур маоши омӯзгор барои як ставка 1360 сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба нишондиҳандаи соли 2010 5,3 маротиба зиёд аст.
Имсол ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 219 ҳазору 530 нафар ба синфи 1 фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, дар ВМКБ 3761 нафар, вилояти Хатлон 97309 нафар, вилояти Суғд 59101 нафар, шаҳри Душанбе 19601 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 39758 нафар.
Соли таҳсили 2017-2018 синфи 9-ро 158 ҳазору 231 нафар  хатм намуд. Барои идомаи таҳсил ба синфи 10, 140713 нафар, ки ба 88,9% баробар аст, фаро гирифта шуд. Ин нишондиҳанда дар ВМКБ ба 93,4%, вилояти Хатлон – 97,5%, вилояти Суғд – 99,9%, шаҳри Душанбе  – 69,6% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 70% баробар аст.  Илова бар ин, 13921 нафар хатмкунандаи синфи 9 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддат барои гирифтани касб идомаи таҳсил намуда истодаанд, 3597 нафар аз таҳсил берун мондаанд.
Натиҷаи ҷамъбасти аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2017-2018 нишон дод, ки аз 1 млн.249 ҳазору 251 нафар хонандаи синфҳои 4-11  957 нафар бинобар аз худ накардани барномаҳои таълимӣ ба аттестатсия роҳ дода нашуданд. Аз шумораи ба аттестатсия роҳ додашудагон 2275 нафар бо сабабҳои мухталиф дар аттестатсия иштирок накарданд. Дар  натиҷа аз аттестатсия 18% баҳои аъло, 37% баҳои хуб, 45% баҳои миёна гирифта, 3501 нафар ба аттестатсияи тобистона тавсия гардида, 2444 нафар дар синфашон такроран мононда шуданд.
Тибқи таҳлилҳои дар асоси натиҷаи аттестатсия гузаронидашуда маълум гардид, ки сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 55% ва азхудкунии барномаи таълимӣ 99,5%-ро ташкил медиҳад.
Аз ин рӯ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро мебояд, ки ҷиҳати қабул ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон, хусусан, духтарон дар зинаи сеюми таҳсилот тадбирҳои саривақтӣ андешида, бо мақсади интихоби бошууронаи касб таълими равиявиро тибқи замимаҳои нақшаи таълимӣ ба роҳ монанд.
Сайфиддин Давлатзода ба масъалаи иштироки хонандагони  муассисаи таълимӣ дар озмуни медалҳои тиллову нуқра дахл намуда, зикр намуд, ки соли ҷорӣ 64 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 15 шаҳру ноҳия ба сифати дов-талаби медали тилло ва нуқра барои иштирок дар санҷиши гирифтани медалҳои тилло ва нуқра пешниҳод гардиданд. 
Дар ҷамъбасти озмун, дар маҷмӯъ 10 нафар сазовори медал гардиданд, ки аз ҷумла, 3 нафар бо аттестати аълои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тилло, 3 нафар бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали тилло ва 4 нафар бо аттестати аълои равияи табиӣ-риёзӣ бо медали нуқра мукофотонида  шуданд. Сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро зарур аст, ки ҳангоми пешниҳоди довталабон ба озмун талаботи Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд ва иштироки довталабони сазоворро дар озмун таъмин намоянд.
Масъалаи ташвишовар риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Бо моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  нисбат ба падару модар ва масъулин 12007 адад протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 125 адад зиёд мебошад. Дар ин масъалаҳо низ сардорони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифро зарур аст, ки корҳои тарбиявиро дар муассисаҳои таълимӣ тақвият бахшида, робитаи мактаб бо оиларо мустаҳкам намуда, ҷиҳати ташкили бомароми рӯзҳои падару модар дар муассисаҳои таълимӣ чораҳои таъхирнопазир биандешанд.
- Вазорати маориф ва илм барои дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат ҳаракати олимпиро дар ҷумҳурӣ тақвият бахшида, намудҳои гуногуни олимпиадаҳоро ба роҳ мондааст. Айни замон 9 олимпиадаи фаннӣ ва 2 озмун миёни хонандагон баргузор карда мешавад. Инчунин, дастоварди хонандагони соҳибистеъдоди тоҷик дар олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас аст. Хонандагони тоҷик соли ҷорӣ дар 17  олимпиадаи байналмилалии фаннӣ ва лоиҳавӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Ҳиндустон, Руминия, Россия, Малайзия, Булғория, Беларус, Ветнам, Италия, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чехия, Словакия, Португалия ва Япония иштирок намуда, сазовори 207 медал (47 медали тилло, 74 медали нуқра, 86 медали биринҷӣ) гардиданд, - қайд кард муовини вазир.
Ба таъкиди муовини вазир, дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 61581 адад компютер, 10983 адад  принтер, 1695 адад тахтаи электронӣ, 2418 адад проектор мавриди истифода қарор доранд. То ба имрӯз 2523 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба шабакаи Интернет пайваст карда шудаанд, ки қисми зиёди онҳо ба воситаи WiFi - модем амал мекунанд.
Дар таътили тобистонаи  соли 2018 дар ҷумҳурӣ 1519 лагери наздимактабӣ бо фарогирии 114992 нафар, 54 лагери беруназшаҳрӣ бо фарогирии 23622  нафар, 245 адад лагери меҳнатӣ-истироҳатӣ бо фарогирии 11730 нафар, 2 лагери санаторӣ бо фарогирии 55 нафар, 113 лагери варзишӣ-беҳдоштӣ бо фарогирии 5595 нафар, 112 лагер барои хонандагони синфҳои болоӣ бо фарогирии 17342 нафар кӯдаку наврас фаъолият намуданд. Ҳамин тавр, дар мавсими тобистони соли ҷорӣ 173336 нафар кӯдаку наврас ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 1310 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора 1150 нафарро кӯдакони ятиму бепарастор ва 2850 нафарро кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ташкил медиҳад.
Мутаассифона, вазъи фарогирии хонандагон ба истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳбудӣ мехоҳад. Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ғайр аз ноҳияи Мурғоб бо фарогирии 12 нафар хонанда дар назди муассисаи таҳсилоти умумии №15 дар дигар шаҳру ноҳияҳо истироҳатгоҳҳои солимгардонии наздимактабӣ ташкил карда нашудаанд. Дар ноҳияи Тоҷикобод танҳо 101 нафар хонанда ба истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ҷалб карда шудаанд, ки ин миқдор аз шумораи умумии 9400 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ҳамагӣ 1,1%-ро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Варзоб дар заминаи  6 муассисаи таълимӣ бо фарогирии  181 нафар хонанда истироҳати тобистона ташкил карда шудааст, ки ҳамагӣ 1,0%-и шумораи умумии хонандагони ноҳияро ташкил медиҳад. 
С. Давлатзода зикр намуд, ки дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, аз рӯйи 96 ихтисос мутахассисони соҳаи техникӣ омода карда мешавад. Аммо нокифоя будани заминаи моддию техникӣ, нарасидани неруи кадрӣ, номувофиқатии ихтисосҳо ба талаботи бозори меҳнат омили асосии паст будани сатҳи дониш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ гардидааст. Директорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, таъмин бо компютер, озмоишгоҳҳои фаннӣ, воситаҳои нави техникӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ ҳамвора талош намоянд.
Дар суханронии муовини вазир С.Давлатзода таъкид гардид, ки амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки рағбат ба гирифтани таҳсилоти касбӣ доранд, дар солҳои охир (2013-2018) натиҷаҳои мусбат доданд. Маҳз ҳамин омил боис шуд, ки дар солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимии миёнаи касбии ғайридавлатӣ ба 16 адад расид, ки аз ин теъдод 4 муассисаи таълимӣ соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Соли таҳсили 2017-2018 ба аттестатсияи хатм аз 21712 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баъди пурра аз бар намудани нақша ва барномаҳои таълимӣ ба аттестатсияи хатм 21678  нафар (99,8%) роҳ дода шуда, 34 нафар (0,2%) бо сабабҳои гуногун (қарзи академӣ, маблағи таҳсил) ба аттестатсияи давлатӣ роҳ дода нашуданд. 21164 нафар хатмкунанда (97,6 %) имтиҳонҳои давлатиро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд.
Таҳлилҳо собит намуданд, ки талаботи бандҳои Низомномаи аттестатсияи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба пуррагӣ риоя карда намешаванд. Дар аттестатсияи хатм аз каммасъулиятии масъулон ва бепарвоии раисони комиссияи имтиҳони давлатии хатм ба дониши хатмкунандагон баҳои воқеӣ гузошта намешавад. Аз ин рӯ, ба роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ зарур аст, ки аттестатсияи давлатии хатмро тибқи талаботи Низомномаи аттестатсияи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, шаффофияти онро таъмин намоянд. 
Дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон даври ҷамъбастии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Дар олимпиада аз 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 274 нафар дар олимпиада иштирок намуда, аз рӯи натиҷаҳои ҷойҳои бадастомадаи даставӣ ҷойи якум насиби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуюм Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҷойи сеюм насиби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино гардид. Ҳамзамон, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли таҳсили 2018-2019 ба зинаи таҳсилоти дуюм 2495 нафар барои  идомаи таҳсил пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ 5674 нафар ва 2050 нафар шаҳрванди хориҷӣ қабул карда шуд. 
Вазорати маориф ва илм дар самти илм ва инноватсия дар нуҳмоҳаи соли 2018 корҳои муайянро ба сомон расонид. Вазорат 2615 рисолаи хатми магистрантонро аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ дар шакли электронӣ ҷамъоварӣ намуда, баъди баррасӣ барои ислоҳи  камбудиҳои ҷойдошта ва такрори мавзӯъҳои рисолаҳои магистрӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ баргардонид. Дар назар дошта шудааст, ки минбаъд шакли электронии рисолаҳои илмии магистрон ҳамчун махзани ягонаи илмӣ барои такрор нагардидани рисолаҳои хатми магистрӣ дар сомонаи вазорат ҷойгир карда мешавад.
Дар идома Сайфиддин Давлатзода қайд кард, ки аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои 2685 нафар эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар соли таҳсили 2018-2019 дархост пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 136 нафар кам мебошад. 
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони соҳибихтисос дар асоси дархостҳо 5226 нафар мутахассиси ҷавон бо роҳхати Вазорати маориф ва илм ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар карда шудааст, ки нисбат ба соли 2017 1000 нафар зиёд мебошад. 
Натиҷаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони равияҳои омӯзгорӣ  дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2017-2018 нишон дод, ки бо вуҷуди камбудиҳои ҷойдошта, ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон сол аз сол беҳтар шуда истодааст.
Ҳамзамон, мутобиқи супориши вазири маориф ва илм дар  сохтори Хадамоти давлатии назорати соҳаи маориф шуъбаи пайгирии фаъолияти мутахассисони ҷавон таъсис дода шуд. 
Дар масъалаи сохтмони муассисаҳои таълимӣ С. Давлатзода иброз дошт, ки соли ҷорӣ барои сохтмону азнавсозии иншооти соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази асосӣ 23,5 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида,  дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ, ба андозаи 18 млн. 680 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст, ки он 101,2 фоизи нақшаи нуҳмоҳа ва ё мутаносибан 79,4 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 86 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 21422 ҷойи нишаст дар ду баст бо маблағи умумии 325 млн. 737 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар назар аст, ки то охири сол дар кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 150 муассисаи нави таълимӣ ба маблағи 524 миллион сомонӣ барои 70 ҳазор нафар хонанда дар ду баст ба истифода дода шавад. 
Дар охир С. Давлатзода зикр кард, ки кормандони соҳаи маориф ва илм аз дастуру ҳидоятҳо ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба  рушди илму маориф, тарбияи насли ҷавони худшиносу ватандӯст ва муҳофизи содиқи ин марзу бум равона шудаанд, илҳом гирифта, мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро дар амал табиқ намоянд. Ҳамзамон, вобаста ба эълон шудани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар ҷашну санаҳои муҳими милливу таърихӣ чораҳои зарурӣ андешида, барои таъмини сифати таҳсилот ва тарбияи насли наврас саъю талош намоянд. 
Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ба сардорони сарраёсат, раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ, ректорону директорон ва масъулин баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Дар музокира муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфаров, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Умедҷон Сафарзода ва сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгор” Ноилшоҳ Нурализода иброз доштанд, ки дар маърӯзаи муовини вазири маориф ва илм Сайфиддин Давлатзода тамоми паҳлуҳои соҳаи маориф ва илм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт, ки метавон онро ҳамчун раҳнамо дар бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта истифода намуд.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа М. Сафолзода доир ба масъалаҳои сохтмони мактабҳо, фарогирии кӯдакон, сифату таълим, норасоии китобҳои дарсӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ андешаронӣ намуд. Аз ҷумла, таъкид намуд, ки аҳли маорифро мебояд ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору барномаҳои давлатии соҳа ҳамвора талош намоянд.
Муовини сардори раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Нозимзода оид ба ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳа, ҷинояткорӣ ва даст ба худкӯшӣ задани ноболиғон суханронӣ кард.
Дар охир муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Р. Мирбобоев масъулинро муваззаф намуд, ки корро дар самти таълиму тарбия, иҷрои барномаҳои давлатӣ вусъат бахшанд. Оид ба масъалаҳое, ки дар ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Насриддин ОХУНЗОДА, 
“Омӯзгор”