ЭЪЛОН БАРОИ ДОВТАЛАБОН

26-04-2022
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули хонандагони (синфҳои 1-8) муассисаҳои давлатии буҷетӣ таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Россия-Тоҷикистон бо омӯзиши амиқи фанҳо (таълимашон ба забони русӣ) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода озмун эълон менамояд.
Довталабон метавонанд ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҳуҷҷатҳои зеринро барои иштирок дар озмун пешниҳод намоянд:
-ариза оид ба иштирок дар озмун;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз ҷойи истиқомат;
-маълумотномаи тиббӣ;
-расм (3х4) 4 дона.
Хуҷҷатҳои довталабон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода карда шаванд. 
 
Қабули ҳуҷҷатҳо то 28 майи соли 2022