ЭЪЛОН БАРОИ ДОВТАЛАБОН

27-04-2022
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули омӯзгорон ба муассисаҳои давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Россия-Тоҷикистон бо омӯзиши амиқи фанҳо (таълимашон ба забони русӣ) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода озмун эълон менамояд.
Довталабон бояд ба чунин талабот ҷавобгӯ бошанд: 
- доштани шаҳрвандии Россия ё Тоҷикистон;
- донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги халқҳои Россия ва Тоҷикистон;
- донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф;
- доштани маҳорату малакаи истифодаи технологияи информатсионии муосир;
- донистан ва истифодаи усулҳои муосири таълим;
- хушмуомилагӣ бо хонандагон ва падару модар.
Довталабон метавонанд ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҳуҷҷатҳои зеринро барои иштирок дар озмун пешниҳод намоянд:
-ариза оид ба иштирок дар озмун;
-нусхаи диплом;
-нусхаи шиноснома;
-маълумотнома аз ҷойи кори охирин;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
-маълумотномаи тиббӣ;
-расм (3х4) 4 дона.

Хуҷҷатҳои довталабон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода карда мешаванд. 
Қабули ҳуҷҷатҳо то 24 майи соли 2022