Дӯстӣ: БА БЕШ АЗ 20 ОМӮЗГОРИ ҶАВОН ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ДОДА МЕШАВАД

24-06-2023
Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон бо омӯзгорони ҷавоне,ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Дӯстӣ равон гардидаанд, мулоқот намуда, аз дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати омӯзгорони ҷавон, амалишавии сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат дар сатҳи маҳал ва имтиёзу ҳавасмандгардониҳо ёдовар гардид.
Ёдовар мешавем, ки ба ноҳияи мазкур тибқи роҳхат 22 нафар омӯзгорони ҷавон равон гардида, аз фанҳои гуногун дар муассисаи таълимӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул хоҳанд шуд.
Дар мулоқот мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадсаидзода Шаҳноза, раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм дар ноҳияи номбурда, собиқадорони соҳа ва омӯзгорони ҷавон дар доираи дастуру супоришҳои Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат карданд.
Маҳмасаидзода Шаҳноза иттилоъ дод, ки ба 10 нафар омӯзгорони ҷавон ба маблағи беш аз 60 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок кумак карда шуд. Ҳамзамон, дар соли гузашта 69 нафар омӯзгорон ба истироҳатгоҳҳо аз тарафи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм фиристода шуд. Ҳоло бошад, аллакай 3 нафар ба истироҳатгоҳҳо равон гаштанд. Инчунин, 10 нафар фарзандони омӯзгорон ба истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрӣ фиристона шуданд.
Мақсад аз вохӯрии имрӯза ҷалби мутахассисони ҷавон ба мактабу маориф, тарбия намудани наврасону ҷавонони болаёқату ватандӯст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад.
Маорифчиён зимни мулоқот изҳор доштанд, ки ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи аҳли маориф натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Президенти мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, бо дарки масъулият изҳор менамоем, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Хатлон бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди касбӣ, азму иродаи мустаҳкам рисолати ҳидоятгарии худро минбаъд низ ба таври кофӣ ба иҷро расонида, манбаи шарафу ифтихори диёр хоҳанд гашт.
Қайд гардид, ки ҳамеша омӯзгорон мавриди дастгирӣ қарор мегиранд ва дар ин самт тамоми имкониятҳо истифода карда мешаванд. Дар нақша ҳаст, ки солҳои оянда ба 100 нафар омӯзгори ҷавон замини наздиҳавлигӣ дода шавад.

Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон