Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар озмуни Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро пайдо намуд

01-02-2024
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар озмуни Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро, ки ҳамасола доир мегардад, пайдо намуд. Дар ин хусус 31 январ зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода иттилоъ дод.
Бо мақсади иҷрои дастуру  супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, инчунин  вобаста ба  эълон гардидани соли 2024- Соли маърифати ҳуқуқӣ Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва омӯзгорон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мусоидат ба омӯзиш ва амалияи қонуни байналмилалии фурӯши тиҷоратӣ ва рақамӣ ба Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дархост равон намуд, ки он бо қаноатмандӣ аз тарафи масъулин қобили қабул гардид.
«Акнун донишҷӯёни мо дар баробари 88 давлати ҷаҳон ҳуқуқи иштирок дар озмуни ҳамасолаи Арбитражи байналмилалии тиҷоратиро пайдо намуданд»,-афзуд мавсуф.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ташкили раванди таълим дар истеҳсолот соли 2023  дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо 4 филиали кафедраҳои тахассусии донишгоҳ кушода шуд.