Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 5 кВт-соат неругоҳи офтобии барқӣ ба истифода медиҳад

31-01-2024
ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» татбиқ гардида, бо ин мақсад ҳоло насби неругоҳи офтобии барқӣ бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 5 кВт-соат неруи барқ дар як шабонарӯз идома дорад, ки  дар арафаи иди Наврӯз ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Хайрулло Назарзода иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки ин неругоҳ дар доираи ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ширкати ватании ТГЭМ ба даст омадааст. Дар айни замон корҳои насбу васли таҷҳизоти неругоҳ дар назди даромадгоҳи асосии донишгоҳ идома доранд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ташкили раванди таълим дар истеҳсолот соли 2023  4 филиали кафедраҳои тахассусии донишгоҳ дар назди муассиса ва ташкилоту корхонаҳо кушода шуд.
Дар донишгоҳ зиёда аз 20 дарси онлайнӣ бо донишгоҳҳои дохил ва хориҷи мамлакат гузаронида шудааст. Дар айни замон дар донишгоҳ 33 донишҷӯи хориҷӣ аз Афғонистон, Узбекистон ва Қазоқистон дар самтҳои мухталиф таҳсил доранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»