ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” МИЁНИ КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

29-04-2022
29-уми апрели соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65 даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни кормандони Вазорати маориф ва илм баргузор гардид. 
Дар озмуни мазкур Бибиқанд Неъматова - омӯзгори калони кафедраи методикаи тахлими фанҳои гуманитарии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Зарафшони Умедҷон – роҳбалади Осорхонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Суриева Шакармо - ходими калони илмии шуъбаи фанҳои технологияи меҳнат, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ҳарбии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти классикӣ”, Сурайё Шердилова - сармутахассиси раёсати корҳои таълимӣ-методии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Ҳусен Қурбонзода - докторант PhD-и Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Наврӯз Бобиев – мусаҳҳеҳи нашрияи кӯдакон ва наврасон “Пайрав” (замимаи “Омӯзгор”) аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти муосир”, Заррина Саидова – унвонҷӯйи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”, Бибиҷамоли Самандар - роҳбари маҳфили “Сухан”-и Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва Нурӣ Муҳаммади Истам - мудири шуъбаи тасҳеҳ, муҳаррири калони Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ аз рӯйи номинатсияи “Эҷоди назму наср” иштирок намуданд. 
Соли чорум аст, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардида истодааст. 
Бояд қайд кард, ки даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ҷамъбаст гардида, дар шаҳру ноҳияҳо даври дуюми озмун баргузор мегардад.
БАХТОВАР САФАРОВ