ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ОҒОЗ ГАРДИД

30-10-2023 30 октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" оғоз гардид. Дар оғози он муовини раиси комиссияи озмун, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода қайд намуд, ки соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Сипас раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ҳозиринро ба муносибати панҷсолагии озмун табрик гуфта, баргузории озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"-ро намунаи боризи фарҳанги китобдӯст будани мардуми тоҷик унвон кард. Матлубхон Сатториён таъкид намуд, ки сол то сол зиёд шудани шумораи иштирокчиён ва афзудани маблағгузории озмун далели дар миёни ҷомеа маҳбубияти зиёд касб кардани озмун аст.
Лозим ба ёдоварист, ки имсол ба даври чоруми озмун 528 нафар роҳ ёфтаанд ва шумораи иштирокчиён нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. 
Озмун то 15 ноябри соли 2023 давом ёфта, барои иштирокчиён барномаҳои гуногуни фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон