ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ИЛМИ ТОҶИК (Маҷаллаи “Паёми Сино” (Вестник Авиценны) ба рӯйхати “Scopus” ворид гардид)

28-07-2023
Маҷаллаи илмӣ-тибии “Паёми Сино” (Вестник Авиценны) аввалин маҷалла аз Осиёи Миёна мебошад, ки аз лиҳози мазмун ва моҳият дар қатори дигар маҷаллаҳои ҷаҳонӣ ба рӯйхати "Scopus" дохил шуд. Маҷаллаи мазкур 5 январи соли 1999 таҳти №464 ва такроран 27.01.2022, таҳти №229/МЧ-97 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон дар феҳристи маҷаллаву нашрияҳои илмии тақризшаввандаи Комисияи олии аттестатсионӣ (КОА)-и Вазорати таҳсилоти олӣ ва илми Федератсияи Россия (23.05.2003,№ 22/17, такроран – 28.12.2018), ИРИИ (РИНЦ), Science Index, Ulrich's, Crossref ва КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интишори натиҷаҳои асосии илмии рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ворид гардидааст. Маҷалла аз тарафи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳар се моҳ интишор меёбад.
То имрӯз 67 шумораи маҷаллаи “Паёми Сино” бо 1797 мақола нашр гардида, соли 2021 дар рейтинги Science Index мавқеи 404-умро ишғол кардааст. Маҷаллаи “Паёми Сино” бо ду забон забон (русӣ ва англисӣ) бо мақолаҳо аз рӯи 33 ихтисос чоп мешавад.
Ёдовар мешавем, ки"Scopus" як махзани бонуфузи ягонаи библиографӣ ва абстрактии адабиёти илмӣ мебошад, ки соли 2004 аз ҷониби нашриёти академии Elsevier сохта шудааст.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон