ДАР ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» БАРГУЗОР ГАРДИД

29-04-2022
29-уми апрели соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» миёни кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои зерсохтори он аз рӯи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра ва геометрия), физика ва астрономия, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва ихтироъкорию навоварӣ баргузор гардид.
Озмунро раиси комиссияи озмун, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҳусни оғоз бахшида, ба довталабон ҷиҳати иштироки фаъолона ва нишон додани маҳорату истеъдоди баланд барор хост. Ҳамзамон, аз ҳакамон ҷиҳати риояи шаффофият ва баҳогузории холисона ба кори ҳар як иштирокчӣ даъват ба амал овард.
Дар озмуни имсола довталабон - Исломҷон Ниматов - сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азиз Каримов - ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Абдухолиқ Азаматов - унвонҷӯйи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Амирҳамза Нозиров - роҳбари маҳфили «Химия»-и Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Валиҷон Нуров - роҳбари маҳфили «Биология»-и Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Манучеҳр Собиров - котиби матбуоти Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Умедҷони Файзалӣ - омӯзгори калони кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Заррина Ғуломова - омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд, ки дар доираи талаботи тартиби Низомномаи озмун малака ва истеъдоди худро нишон доданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви АМИТ ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.