Дар осмони бахт рангинкамон туӣ!

22-11-2018
Донистани муқаддасоти миллат ва эҳтиром гузоштан ба онҳоро ба хонандагон бояд аз синфҳои ибтидоӣ омӯхт. Дар ин бора дар китобҳои дарсӣ, хушбахтона, маводи зарурӣ оварда шудааст. Беҳтар он аст, ки омӯзгорон оид ба мавзӯи муқаддасоти миллӣ бо шогирдон чанд дарси тарбиявӣ баргузор намоянд. Яке аз ин дарсҳо ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад ва салоҳ он аст, ки дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ-24 ноябр баргузор карда шавад. Омӯзгор бар он бояд бикӯшад, ки дарси тарбиявии марбут ба парчам ҷолибу шавқовар, муассиру пурмуҳтаво бошад. Дар ин дарси тарбиявӣ бояд ба масоили зерин бештар таваҷҷуҳ зоҳир кард: парчам ва баромади таърихии он, аз таърихи парчамдории тоҷикон, дирафши ковиёнӣ, парчами Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон, парчами ҷумҳурии соҳибистиқлоли халқи тоҷик, рангҳои парчами мо, шарҳи тасвирҳо дар парчам, қоидаҳои асосии муносибат ба парчам…
Аз ҷумла, дар бораи рангҳои парчами кишварамон ба хонандагон бояд маълумоти ҷолибу саҳеҳ ва фаҳмрас ироа кард. Таъкид бояд намуд, ки парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ-сурх, сафед ва сабз иборат аст. Рӯи  рахи сафед (дар мобайни парчам) бо зарҳал тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудааст. Рангҳоро метавон чунин тавсиф бахшид: ранги сурх-рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-рамзи шири модар, одоби ҳамида, виҷдон, имон, роҳи сафед, бахти безавол, инсоф, нияти нек, дили соф, хираду ақл ва покизагӣ, ранги сабз-ишора ба сарсабзиву шукуфоӣ, баҳори бехазон, рушду созандагӣ ва тараққию пешрафт.
Дар дарси тарбиявӣ омӯзгор метавонад аз шеърҳои шоирони тоҷик, ки ба васфу ситоишу Парчами давлатӣ гуфта шудаанд, васеъ истифода барад. Ин дарсро рангинтару таъсирбахштар месозад ва таваҷҷуҳи шогирдонро ба муқаддасоти миллат бештар ҷалб месозад. Дар шеъри зерини Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, ки «Парчам» ном дорад, тавсифи рангҳои Парчами Тоҷикистон хеле равшану муъҷаз оварда шудааст ва аз ин рӯ, истифодаи он дар дарси тарбиявӣ судманд хоҳад буд.
Эй парчами умед, то парфишон туӣ,
Дар осмони бахт рангинкамон туӣ. 
Сурхии ту, ҳақо, сурхии рӯ бувад,
Рӯсурхии абад з-ин обрӯ бувад
 
Ранги сафеди ту бахти сафеди мост,
Роҳи сафеди мо, рамзи умеди мост.
Мо бо ту меравем то қуллаи мурод,
Моро чу раҳнамо ҳафт ахтари ту бод!
 
Эй Парчами умед, эй сабз чун чаман,
Аз ранги сабзи туст сарсабзии Ватан.
Аз файзи сояат сарсабзтар шавем,
Чун боғҳои мулк пур аз самар шавем…

Албатта, ҳангоми дарси тарбиявӣ синфхонаро бо парчамчаҳо, шиору қитъаҳо дар бораи парчам, китобҳои рангаи бачагона оид ба парчам, суратҳои гуногун ва амсоли инҳо оро додан боиси бештар ҳадафгир гаштани суханони омӯзгор мешавад. Ҳангоми сухан гуфтан ё суруд хондан дар бораи парчам хуб мешавад, ки хонандагон дар даст парчамчае дошта бошанд.
Ҳадафи асосии ин дарси тарбиявӣ тақвияти ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии насли наврас аст.
Суханони омӯзгор, албатта, барои шогирдон ҳар чӣ бештар бояд фаҳмою пазиро бошанд. Инро барои он таъкид менамоем, ки омӯзгорон ҳангоми суханронӣ дар бораи парчам ва моҳияту хусусияти он хоҳ-нохоҳ аз истилоҳоту ибораву ифодаҳои илмию соҳавӣ ва коргузорӣ истифода мебаранд…
Парчами давлатии мо шарафу ифтихор, далели барҷастаи соҳибватаниву пояндагии мост. Эҳтиром ба он эҳтиром ба халқу миллати хеш аст. Аз ин рӯ, дар бораи он ҳар чӣ бештар бояд бидонем ва ба шогирдонамон аз ин боб маълумоти кофию саҳеҳу ҷолиб дастрас намоем.
Гулчеҳра Ҳоҷиева,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ