ДАР НАЗДИ 21 МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ФАРХОР 157 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БУНЁД МЕГАРДАД

17-06-2023
ДУШАНБЕ, 17.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар назди 21 муассисаи таълимии ноҳияи Фархор сохтмони 157 синфхонаи иловагӣ барои 3768 ҷойи нишаст дар як баст, ҳамчунин бинои нави мактаби №5 барои 620 хонанда дар деҳаи Шаҳртеппаи Ҷамоати деҳоти Ватан бомаром идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти дастгоҳи Раиси ноҳияи Фархор.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф масъулини ноҳияи Фархор баҳри бартараф намудани камбудии нарасидани ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати дониш тавассути сохтани мактабҳои ба талаботи замон мутобиқ тадбирҳои зарурӣ андешида меандешанд.
Бояд тазаккур дод, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони ватандуст дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ноҳияи Фархор низ сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дошта, сохтмончиён талош доранд, онро дар кутоҳтарин муҳлат ба анҷом расонанд.
Масъулин азм доранд, ки дар соли хониши 2023-2024 хонандагон дар синфхонаҳои тозаву барҳаво ба таҳсил фаро гирифта шаванд.