Дар истироҳатгоҳи «Офтобак» 360 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳати бофароғат фаро гирифта мешаванд

22-06-2023
НОРАК, 21.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 июни соли равон истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Офтобак»-и шаҳри Норак ба фаъолият оғоз намуда, бо дастгирии Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар басти якуми он 90 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.
Тибқи иттилои сармурабии «Офтобак» Тоҷинисо Бобоева, истироҳатгоҳи мазкур дар се баст фаъолият карда, мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар он бояд 360 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шаванд. Дар даври аввал 90 нафар кӯдакону наврасон ҷалб шудаанд, ки бо се вақт хўроки гарм таъмин буда, ба онҳо беҳтарин мураббияҳо машғулиятҳои тарбиявию фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ мегузаронанд.
Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Норак Аслия Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки то имрӯз дар истироҳатгоҳҳои назди мактабии шаҳри Норак 1250 нафар наврасон ба истироҳат фаро гирифта шуданд ва мувофиқи нақша бояд дар назди муассисаҳои томактабӣ 2350 нафар, дар назди марказҳои зертобеи шуъбаи маориф 2120 нафар, дар назди мактабҳои варзишӣ 870 нафар ва дар истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ 535 нафар ба истироҳати тобистона ҷалб гарданд.
Роҳбарияти истироҳатгоҳи «Офтобак» бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Ба ин маконҳои фароғатӣ дар навбати аввал кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, хонандагони қобилиятнок ва фарзандони кормандони соҳаҳои барқу кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо масъулини иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба истироҳати ҷалб мегарданд.
Барои хубу хотирмон гузаштани таътили тобистона, мураббиёни истироҳатгоҳи «Офтобак» ғайр аз машғулиятҳои варзишӣ, аз қабили оббозӣ, шашкаю шоҳмот, футбол, валебол ва тениси рӯйи мизӣ, инчунин чорабиниҳои гуногуни «Шоми байтбарак», озмунҳои «Ҳозирҷавобон» ва хондани сурудҳо дар васфи Ватан-Модар доир намуда, хотири истироҳаткунандагонро болида месозанд.
Мураббиён ва мутасаддиёни истироҳатгоҳи «Офтобак» мақсад гузоштаанд, ки кӯдакону наврасон дар таътили тобистона бо як ҷаҳон таассуроти неку фаромўшношуданӣ ба хона, назди волидонашон баргарданд.