ДАР ДУШАНБЕ ФОРУМИ МИЛЛИИ МАШВАРАТӢ ЗЕРИ УНВОНИ «ТАҲИЯИ ХАРИТАИ РОҲИ МИЛЛИИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД

19-11-2021
19–уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм, ЮНИСЕФ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми миллии машваратӣ зери унвони «Таҳияи харитаи роҳи миллии рақамикунонии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва намояндагони вазорату кумитаҳо, шарикони рушд, бахши хусусию ҷамъиятӣ, ширкатҳои алоқаи мобилӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарони зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, директорони муассисаҳои мақоми ҷумҳуриявидошт ва муассисаҳои хусусӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, лоиҳаи “Консепсияи харитаи роҳи рақамикунонии соҳаи маориф”-ро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд омода кард.
-Ислоҳоти маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири васеъ намудани имкониятҳои маърифатии шаҳрвандон, рақамикунонии таҳсилот, тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибмаърифат, бофарҳанг, мустақил, эҷодкору навовар, инчунин барои мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст, - зикр кард вазир. - Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, солҳои 2020-2040-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карданд. Бо дарназардошти чунин муҳимият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа, Вазорати маориф ва илм барои рушди  рақамикунонии соҳаи таҳсилот аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рақамикунонии соҳаи таҳсилот, ба вуҷуд овардани шароит барои таҳсилоти фосилавӣ дар ҳамкорӣ бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) барои солҳои 2021-2022 лоиҳаи харитаи роҳи рақамикунонии соҳаи маорифро дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ намояд.
Дар кори Форум, инчунин, Мансурӣ Дилрабо-муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Масрур Абдуллозода  - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Ширин Амонзода – вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилноза Аҳмадзода  - муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Мэрилин Йосефсон - роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осама Маккави - роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Фарҳод Раҳимӣ – президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Суҳроб Қудратов – намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Муҳаммад Сафарзода – сармутахассиси Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, Ҳурмат Душанбиев – масъули соҳаи маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, Саъдӣ Самадзода – директори КВД “Шаҳри ҳушманд” (“Smart city”)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Фирдавс Зеваров – директори департаменти инноватсия ва хизматрасонии рақамии ширкати Tcell, Бону Ҳафизова – директори “Алиф Академия” ва Қутбиддин Муҳиддинзода – сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, Мансурӣ Дилрабо-муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки пешрафти соҳаи маориф чун соҳаи калидӣ пайваста дар мадди назари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар даврони навини давлатдорӣ ҷиҳати фароҳамоварии шароити зарурӣ, тақвияти базаи моддиву техникӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар саросари кишвар тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд. Дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудани барномаи компютеркунонӣ, истифодаи васеи тахтаҳои электронӣ дар раванди таҳсил ва бунёди кабинетҳои фаннӣ боис ба он гардид, ки шавқ ва завқи толибилмон ба илмҳои дақиқу техникӣ зиёд шавад. Ҳадаф аз эълон шудани солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф ва таъсиси озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” маҳз аз ҳамин нуқтаи назар ба роҳ монда шудааст. 
Масрур Абдуллозода  - мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди рушди технологияҳои муосирро дар олам ҳамеша мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, барои дар кишвар татбиқ намудани барномаю консепсияҳои гуногуни дар ин самт қабулшуда тамоми неруро равона кардааст. Ҷаҳони имрӯзаро бе рушди технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Инсони ҷаҳони муосир низ имрӯз талош бар он дорад, ки раванди зиндагӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии худро дар асоси технологияи муосир ба роҳ монад. Ҳамзамон, раванди рушди техника ва технологияи муосири иттилоотӣ дар олам тавре сурат гирифта истодааст, ки инсоният ба фаро гирифтани тамоми паҳлуҳои он имконият пайдо карданаш ғайриимкон гардида истодааст. Пешниҳоди техника ва технологияи нав ва таҳияву пешниҳоди барномаҳои гуногуни компютерӣ ва ба таври босуръат рушд ва тағйир ёфтани онҳо дар ҳаёт мушкилиҳои зиёдеро пеш оварда истодааст. Ҳадафи асосии рушди бемайлони технологияи иттлоотӣ ва рақамӣ ин осон гардонидани фаъолиятҳои инсон дар иҷрои корҳо ва пешниҳоди иттилоот аст. Бинобар ин, татбиқи технологияҳои нави иттилоотӣ ва рақамӣ дар баробари тамоми кишварҳои олам барои кишвари мо низ имрӯз яке аз масоили мубрам ба шумор меравад.
-Иқдоме, ки имрӯз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст, дар самти татбиқи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат пазируфтанӣ аст,-таъкид кард М.Абдуллозода. - Тамоми вазорату идораҳо низ бояд барои рақмикунонии соҳаҳои худ чораҳои зарурӣ андешанд, зеро татбиқи ин иқдом дар як вазорат самарае дода наметавонад.
Осама Маккави - роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) зимни суханронии худ чунин иброз намуд: “Хушҳол аз он ҳастам, ки дар Форуми миллии машваратӣ зери унвони «Таҳияи харитаи роҳи миллии рақамикунонии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳузур дорам. Имрӯз мо тавонистем, ки бо кӯмаку дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастрасӣ намудани ҳар як кӯдак дар Тоҷикистон ба маорифи рақамӣ расидагӣ намоем ва ин имкон медиҳад, ки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон ба маорифи рақамӣ дастрасӣ пайдо намоянд”.
Баъд аз ҷаласаи ифтитоҳӣ, зимни бахши пленарии форум иттилоъ дода шуд, ки чорабинии имрӯза имкон медиҳад, ки ҷонибҳои манфиатдор барои иштирок дар муҳокимаи ҳадафҳои харитаи роҳ, инъикоси ӯҳдадориҳои худ ва муштарак дар робита ба ин раванд ва пайвастан ба амалҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани таъсир ва миқёси табдили рақамӣ дар кишвар ҳамкорӣ намоянд. Бо дастгирии техникии шарикони рушд, ин чорчӯбаи стратегӣ ва амалиётӣ, ки ба ноил шудан ба ҳадафҳои таълимӣ бо таваҷҷуҳ ба роҳҳои ҳалли рақамӣ нигаронида шудааст, бо сармоягузориҳои банақшагирифташуда ба инфрасохтор ва таҷҳизоти рақамӣ ҳамроҳ карда мешавад.
Директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Киромиддин Назаров зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории Форум мусоидат намудан ба ҷалби ҷонибҳои манфиатдор дар раванди таҳияи харитаи роҳ, аз ҷумла бахши хусусӣ, намоиши таҷрибаҳои беҳтарини миллӣ ва ташаббусҳои ҷорӣ дар табдилдиҳии рақамӣ дар бахши маориф, тасдиқи ҳадафҳо ва диди нақшаи ҷорӣ, аз ҷумла муҳокима дар гурӯҳҳои корӣ ва муаррифии мавзуъҳои таҳияшуда ва таъмини ӯҳдадориҳои миллӣ оид ба татбиқи харитаи роҳи миллӣ ҳам дар сатҳи сиёсат ва ҳам дар сатҳи татбиқ мебошад. Ҳадафи харитаи роҳ устуворона пешбурди тағйироти рақамӣ дар бахши маориф мебошад. Он дар ҳамкорӣ ва таҳти роҳбарии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, заминаи стратегӣ ва амалиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои таълимӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳалли рақамӣ фароҳам меорад. Аз ҷумла, он маълумот медиҳад, ки чӣ гуна таҷҳизоти таълимӣ самаранок ва устувор истифода бурда шавад ва омӯзиши рақамӣ дар бахши маориф бо ҷалби ҷонибҳои асосии манфиатдор суръат бахшад. Он қадамҳои мушаххасро барои пешбурди роҳҳои ҳалли рақамӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба таҷрибаҳои беҳтарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муайян мекунад.
Сипас, Форум кори худро дар се гурӯҳ идома дода, иштирокдорон вобаста ба дастгирии мутобиқсозии меъёрҳо ва самтҳои фаъолият, аз нав ба кор андохтани НАСМ (ИСУО) дар шакли онлайн, омодасозии иттилоот ва таҳким додани захираҳои инсонӣ, маблағгузории арзишҳои умумии таҷҳизоти ТИК дар соҳаи маориф, мусоидат дар ҷалби аҳли ҷомеа, волидайн ва бахши хусусӣ, пешбурди васеи гузариш ба маорифи рақамӣ, пайваст намудани муассисаҳои соҳаи маориф ба интернет, зиёд намудани маблағгузорӣ дар самти харидорӣ ва таъмири компютерҳо дар муассисаҳои таълимӣ, таҳияи маводи омӯзишӣ ва таълимии электронӣ, мусоидат дар рақамикунонии таҳсилоти фарогир ва чанде дигар миёни ҳам мубодилаи афкор намуданд.
Баъд аз анҷоми кори гурӯҳӣ зимни ҷаласаи ҷамъбастии Форум роҳбарони гурӯҳҳо таклифу пешниҳодҳои худро манзури иштирокдорон намуданд. 
 
Эҳсони ХУШБАХТ,
Бахтовари ТАҒОЙМУРОД,
Азизаи САФОНАЗАР