Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳ оид ба муайян намудани обҳои партов ташкил шуд

31-01-2024
ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар заминаи кафедраи иншооти гидротехникӣ ва ҳифзи захираҳои обии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ озмоишгоҳ оид ба муайян намудани обҳои партов таъсис ва бо маводу таҷҳизоти зарурӣ муҷҷаҳаз гардонида шуд, иттилоъ дод ба хабарнигорон ректори донишгоҳ  Қудрат Давлатзода  30 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта шуд, ки озмоишгоҳ дар раванди таълими донишҷӯён васеъ истифода шуда, дар он ба донишҷӯён ташхисҳои физикиву кимиёвӣ ва микробиологии об омӯзонида мешаванд.
Ҳамзамон соли 2023 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо корхонаву ширкатҳои ватанӣ ҳамкории судманд амалӣ намуда, барои кушодани филиали кафедраҳои донишгоҳ дар истеҳсолот, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо дар дарсҳои озмоишӣ-амалӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонид.
Соли 2023 дар иншооти муҳими стратегӣ- Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҶСК «Азот», Неругоҳи барқи обии «Варзоб» ва дигар корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва истеҳсолӣ филиалҳои кафедраҳои донишгоҳ ифтитоҳ гардиданд, ки дар татбиқи ҳадафҳои донишгоҳ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳми муносиб мегузоранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар