Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 321 донишҷӯ аз 10 давлати ҷаҳон таҳсил доранд

01-02-2024
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон 321 донишҷӯи хориҷӣ аз 10 давлати ҷаҳон таҳсил менамоянд. Дар ин хусус ректори донишгоҳ Машраб Файзулло имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар шуъбаи рӯзона 161 донишҷӯи хориҷӣ ва дар ғоибона 160  донишҷӯи хориҷӣ таҳсил доранд. Дар соли таҳсили 2023-2024 қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба тамоми шаклҳои таҳсил ва тамоми зинаҳои таҳсил 127 нафарро аз 7 давлати ҷаҳон ташкил дод, ки инҳо  80 бакалавр, 32 нафар устод   ва 15 донишҷӯ мебошанд»,- изҳор дошт ӯ.
Гуфта шуд, ки қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба тамоми шаклҳои таҳсил ва тамоми зинаҳои таҳсил дар соли таҳсили 2022-2023 аз 7 давлати ҷаҳон 86 нафарро ташкил дод, ки ба ин шумора 48 нафар бакалаврҳо, 23 нафар магистратрантон, 2 нафар аспирантон ва 13 нафар шунавандагон дохил мешаванд.
Солҳои 2022 ва 2023 ба Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бештар шаҳрвандони Русия ва Узбекистон қабул шудаанд.