Дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 81 ифтитоҳ гардид

01-09-2023
ДУШАНБЕ, 01.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 сентябр дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 81 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бинои навтаъсис аз ду ошёна иборат буда, дорои синфхонаҳои барҳавои таълимӣ барои 500 хонанда дар ду баст мебошад.
Бинои таълимӣ дар масоҳати умумии 7 308 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 10 синфхонаи таълимӣ, як синфхонаи компютерӣ, хонаи омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Ҳамзамон барои гарм нигоҳ доштани бинои муассиса дар фасли зимистон дар ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ гармидиҳандаҳои буғӣ насб гардида, дар доираи корҳои ободонӣ атрофи бино сангфарш ва бо панҷараҳои оҳанин оро дода шудааст.
Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 81 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд бунёд гардида, дар ин ҷо барои хонандагон беҳтарин шароит фароҳам мебошад.
Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаи маориф ва беҳтарсозии шароити таълиму тарбия ба хонандагону омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, биноҳои замонавии ҷавобгӯ ба талабот сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки ин иқдом барои дар оянда ба камол расидани ҷавонони ватандӯсту ташаббускор заминаи воқеӣ мегузорад.