БОЗНИГАРИИ СТАНДАРТҲОИ ФАНҲОИ ТАБИӢ

23-04-2024
23-юми апрели соли равон дар меҳмонхонаи Румӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм семинари миллӣ оид ба бознигарии стандартҳои фанҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, аъзои гурӯҳи корӣ, шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур ин таҳлил ва дарки аҳамияти стандартҳои муносибати босалоҳият ба таълим, нақши онҳо дар таълим ва омӯзиши самарабахши фанҳои биология, химия ва физика, шиносоӣ бо равишҳои эътирофшудаи байналмилалии таҳияи стандартҳои муносибати босалоҳият ба таълим (МБТ), қабули қарори дастаҷамъона оид ба истифодаи равиши муносиб дар асоси дидгоҳ ва ҳадафҳои таълими фанҳои дақиқ (STEM) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба таври мушаххас таҳия намудани стандартҳои тахассусӣ ва арзёбии самаранокӣ ва натиҷабахшии фаъолияти омӯзгорон барои такмили ихтисос мебошад.
Ёдовар мешавем, ки семинари мазкур давоми 4 рӯз: аз 23.04.2024 то 26.04.2024 идома меёбад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон