БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ НОҲИЯИ ЁВОН

27-04-2022
 
Санаи 27 апрели соли 2022, дар доираи шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ба ноҳияи Ёвон сафари корӣ анҷом дод. Дар рафти сафари корӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ дар МТМУ рақами 12 бо фаъолияти омӯзгорон, рафти таълиму тарбия дар байни хонандагон, ташкили шароитҳои таълим, омодагӣ ба аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронидан шиносоӣ пайдо намуда, бо омӯзгори варзида, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаропов Сафолбек омӯзгорон ва хонандагони муассисаи номбурда вохӯрии самимона доир намуд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р.Ҳ дар рафти сафари корӣ аз рафти сохтмони чор синфхонаи иловагӣ дар муассиса дидан намуда, барои таъмини синфхонаҳои сохташаванда бо 50 адад мизу 100 адад курсии хонандагон ба масъулин супориш дод.
Дар рафти сафари кории Вазир, муовини раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Гулрухсор Гурез, кормандони масъули шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Грезов Сафаралӣ ва Салихов Ашур ҳамроҳи намуданд.